МАЪЮБОН УЗВИ ҶУДОНОПАЗИРИ ҶОМЕАИ МО

Гузориш аз таҷлили Рӯзи маъюбон дар Муассисаи давлатии вилоятии «Қасри маданияти Арбоб»-и ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев

Муассисаи давлатии вилоятии «Қасри маданияти Арбоб»-и ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Fафуров он рӯз шукуҳу шаҳомати хоса дошт. Таҷлили Рӯзи маъюбон дар ин мавзеи таърихӣ ба тантанаи идона мубаддал гардида буд. Бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии маъюбон ва  дастгирии онҳо, ҳамчунин мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» маъюбони шаҳру навоҳии вилоят иди худро бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ хотирмон гузарониданд.

Қайд карда шуд, ки дар сиёсати иҷтимоии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва ғамхорӣ нисбат ба маъюбону ятимон яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суҳбатҳои худ пайваста аҳли ҷомеаро ба анҷоми амалҳои хайр ва ғамхорӣ ба ятимону маъюбон даъват намуда, дар таъмини ҳифзи иҷтимоии мамлакат ва дастгирии онҳо ҳамеша иқдомоти хайрхоҳона зоҳир менамоянд.

Тазаккур бояд дод, ки алҳол дар кишвар 149 ҳазор нафар шахси маъюб, аз ҷумла 15 ҳазор нафар маъюби гурӯҳи якум, наздик 27 ҳазор нафар маъюби то 18 – сола ва 71 ҳазор нафар ятим умр ба сар мебаранд. Бояд таъкид кард, ки дар арафаи баргузории идҳои давлатию миллӣ таваҷҷуҳ ба шахсони ниёзманд ва маъюб низ ба ҳукми анъана даромадааст. Ба тақвими миллии мо даромадани санаи 8-уми июл ҳамчун Рӯзи маъюбон пеш аз ҳама, ба хотири даъвати ҷомеа, барои таваҷҷуҳи дигарбора ба вазъи зиндагӣ ва рӯзгори ин табақаи ҷомеа маҳсуб мешавад, то аҳолии мамлакат сарҷамъона чораҳои мушаххас ва судмандро амалӣ намоянд.

Мавриди тазакур аст, ки дар миқёси вилоят 46 ҳазору 221 маъюб зиндагӣ доранд, ки 1463 нафари онҳо бо қарорҳои махсуси Раиси вилоят бо кӯмакпулӣ таъмин ва нисбат ба дигарон дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ пайваста дастгирӣ ва ғамхорӣ зоҳир мешаванд. Ин аст, ки дар 6 моҳи соли 2019-ум 784 нафар маъюб бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин шуданд.

Ба хотири барқарор кардани саломатии маъюбон ҳамасола ҷиҳати дар осоишгоҳҳо истироҳату табобат гирифтани маъюбон шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешавад. 

Назира Fаффорӣ иштирокдоронро руҳбаланд сохт, ки минбаъд низ таъмини ниёзҳои иҷтимоии маъюбон мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату ҳукумат қарор дода шуда, барои идомаи ин падидаи инсонпарваронаи Президенти кишвар кӯшиш менамоянд.

- Шумо чун узви ҷудонопазири ҷомеа ҳамеша дар канори мо ҳастед ва бо ҳузури  хеш  метавонед дар пешрафти соҳаҳои мухталиф нақши босазо гузоред,- иброз дошт муовни Раиси вилоят.

Дар чорабинӣ ҳамчунин барои беҳдошти вазъи моддии муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба маъюбон ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва ва маъюбони шаҳри Хуҷанд, Муассисаи давлатии «Хона-интернати ҷумҳуриявӣ барои пиронсолон ва маъюбон» дар шаҳри Панҷакент, Муассисаи давлатии «Хона-интернат барои беморони руҳӣ дар ноҳияи  Ҷаббор Расулов», Марказҳои ёрии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Деваштич, шаҳрҳои Истаравшан ва Конибодом аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ, туҳфаҳои идона ва шириниҳо ба кӯдакони маъюб тақдим  шуд.

Директори Муассисаи давлатии «Хона-интернати ҷумҳуриявӣ барои пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Панҷакент Моҳира Амонқулова аз чорабинии баргузоршуда ибрози ақида намуда, гуфт, ки пиронсолону маъюбон имрӯз дар мадди назари давлату ҳукумат, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Бошандагони  ин макон аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи Сарвари давлат изҳори шодмонӣ намуда, худро руҳафтода намеҳисобанд ва ба ояндаи нек бовар доранд.

Фарангис Тошматова толибаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 27-уми шаҳри Хуҷанд буда, миннатдории худро ҷиҳати дастгирии ин табақаи аҳолӣ расонд.  Маъюби дигар Ислом Турдиалиев, ки ҳамроҳи парастори худ Шаҳло Дадоева аз деҳаи ҳавотоғи Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен ба ин тантана омада буд, изҳори сипос намуд.

Рухангез Идибоева парастори Самирҷон Авезов, зодаи деҳаи Новдонаки Ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ буда, иброз дошт, ки бори нахуст дар чунин чорабинии бошукуҳ иштирок менамояд. Хурсанд аз он аст, ки   Самирҷони  панҷсола бо муҳаббат аз шириниҳои тақдимшуда мечашаду зери оҳангҳои дилошӯби санъаткорон арғушт меравад. Далерҷон аз ноҳияи Бобоҷон Fафуров бошад, ҳамроҳи сарояндаи маҳбуб ҳасан Камол суруди хушоҳангеро сароида, табъи худ ва ҳозиринро шод мегардонад.

Маъюбон сари дастархони идона бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол зери оҳангҳои марғуб мерақсиданду дар саҳфаҳои таърих тозаварақеро номнавис мекарданд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд» 

 

 

Add comment


Security code
Refresh