ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲО САРСАРӢ АСТ!

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 24 – уми апрели соли 2010 бармеояд, гузаронидани қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят ҳар ҳафта, рӯзи шанбе ба роҳ монда шудааст.

Аз ин лиҳоз, тибқи нақшаи корӣ хостем дар рӯзи қабули шаҳрвандони раиси ноҳияи Деваштич иштирок намуда, муаммоҳои сокинони ноҳияро тариқи рӯзнома ифшо созем. Вақте мо вориди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гардидем, дидем, ки якчанд нафар ба қабули роҳбарияти ноҳия омада буданд. Сараввал хостем раиси ноҳияро бубинем, вақте ба қабулгоҳ рафтем, дари он руст буд ва аз як корманди мақомот макони баргузории қабули шаҳрвандонро пурсон шудем. Ӯ моро ба ошёнаи якуми бино фароварду хонаи вакилонро нишон дода гуфт, ки дар ин ҷо қабули шаҳрвандон баргузор гардида истодааст. Дар назди дар бошад, тахмин 8 нафар сокин барои муаммоҳояшро ҳал кардан ба қабул омада, интизор нишаста буданд. Вақте дари ҳуҷраро боз намудем, дар он ҷо ба ғайр аз муовини аввали раиси ноҳия боз ду ё се сохтори дигар нишаставу як нафар шаҳрванд оиди муаммои гирифтани қитъаи замин бо ҳаяҷон ҳарф мезад. Мо ба намояндаи шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки дар назди дар буд, худро муаррифӣ намудем. Ӯ моро ба муовини аввали раиси ноҳия, ки қабули шаҳрвандонро гузаронида истода буд, ошно намуд.

Ба ростӣ, бори аввал чунин тарзи гузаронидани қабули шаҳрвандонро мебинем, ки ба ғайр аз муовини аввалу намояндаи ду - се сохтор дигар касе иштирок надорад. Вақте аз муовини аввали раиси ноҳия Абдумалик Ҳодиев мудирони шуъбаву ташкилот, сохторҳои марбута ва раисони ҷамоатҳоро пурсон шудем, номбурда гуфт, ки дар ноҳия ва ҷамоатҳои он шанбегӣ рафта истодаасту ҳамаи роҳбарону сокинон ба ҳашари умумӣ баромадаанд.

Бояд гуфт, ки дар рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби муовини аввали раиси ноҳия 11 нафар шаҳрванд бо масъалаҳои гуногун омада қабул шуданд, ки аксари муроҷиатҳои сокинон асосан ба масъалаҳои мусоидат ҷиҳати таъмин намудан бо оби полезӣ, гирифтани сертификати замин, таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, вобаста ба баҳси саҳми замини хоҷагии деҳқонӣ, таъминот бо ҷойи корӣ, оид ба ҳуҷҷатгузориҳо ва ғайра алоқаманд буданд.

Аз ҷумла, дар рӯзи қабул Холмат Бурҳонов - сокини деҳаи Эшонқӯрғони Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳия оид ба ҳалли муаммои қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ муроҷиат намуд. Номбурда гуфт, ки аз соли 2012 Хоҷагии деҳқонии «Бурҳонбобо» ташкил намудаасту дар он 78 гектар замин мавҷуд буда, 106 саҳмдор кор мекунанд.

- Муаммои асосии хоҷагӣ ин нарасидани 1 гектару 66 сотих замини хоҷагӣ мебошад. Чандин маротиба барои ҳалли он ба қабули муовини аввал омадам, ӯ бошад барои ҳал намудани он маро ба кумитаи идораи замин мефиристад, вале то имрӯз он ҳалли худро намеёбад. Имрӯз омадам, ки ба қабули худи раиси ноҳия даромада, масъаларо баррасӣ кунам, аммо афсӯс, ки боз қабули шаҳрвандонро муовини аввал мегузаронад. Намедонам ба куҷо муроҷиат намоям, - мегӯяд ин шаҳрванд.

Бино ба маълумоти масъулин дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1966 муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва 69 шахсони ҳуқуқӣ ворид гардидаанд. Аксари муроҷиатҳо оид ба аз қайди давлатӣ гузаронидани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад.

Ҳамчунин, аз шумораи умумии муроҷиати хаттии воридгардида 46 адад қонеъ гардида, 284 адад фаҳмонида шуда, 66 адад рад гардидааст. Тибқи тобеият 1353 муроҷиат ирсол карда шуда, бинобар будани муҳлат 217 муроҷиат дар марҳалаи иҷроиш қарор доранд.

Дар ин давр ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз мақомоти болоӣ теъдоди зиёди муроҷиатҳо ворид гардидаанд, ки аз он тавассути Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 адад ва тавассути Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 121 адад мебошад.

Дар ин давр 84 муроҷиати дастҷамъона ва 32 муроҷиати такрорӣ ворид гардида, ба қайд гирифта шудаанд ва 8 муроҷиати дуюмбора ворид гардидааст.

Қайд кардан зарур аст, ки дар ин давр аз ҷониби раиси ноҳия 416 шаҳрванд қабул карда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 18 адад зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 26 – уми декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, бояд раисони шаҳру ноҳияҳо дар самти қабули шаҳрвандон ва кор бо муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ саъйу кӯшиш намуда, бобати шунидан ва ҳаллу фасли арзу дархостҳои шаҳрвандон бо масъулияти баланд ва эътибори том ҷидду ҷаҳд карда, муаммоҳои сокинонро саривақт бартараф намоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh