МУАММОИ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГӮШТ НОКУШОДА МОНД!

Соли равон нарху навои баъзе аз маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои шаҳру навоҳӣ то як андоза боло рафтааст, ки он боиси нигаронии сокинони вилоят шудааст.

Бино ба ахбори Сарраёсати агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд «Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2019» аз аввали соли 2019 аз нархҳои мушоҳидашудаи молҳои озуқа бештар бехпиёз – 2,8 баробар, сабзӣ – 1,8 баробар, чойи кабуд – 40,2 фоиз, биринҷ – 33,5, бодиринг – 19,7, тарбуз – 19,4, мош – 17,2, ҳасибча аз гӯшти гов – 13,7, гӯшти гӯсфанд – 10,3, гӯшти қимашуда – 9,3, думбаи гӯсфанд – 7,8, гӯшти гов бо устухон – 7,5, шакар – 5, орди навъи 1-ум – 3,5, ҷигари гов – 1,8, нон – 1,7 фоиз боло рафтааст.

Ба ҳолати 1 – уми июли соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 18274,7 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми июли соли 2018 - ум 2,6 фоиз зиёд аст. Гӯшт аз маҳсулоти асосӣ ва серхаридор ба шумор меравад. Ҳар нафар мехоҳад аз хӯроки серғизо истифода барад. Имрӯз яке аз муаммоҳои аҳолии вилоят ин гароншавии нархи гӯшт аст. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар бозори марказии «Панҷшанбе» нархи як килограмм гӯшти гов аз 45 то 48 сомонӣ буда, гӯшти беустухон аз 58 то 62 сомонӣ аст. Гӯшти гӯсфанд бошад, 50 сомониро ташкил медиҳад. Чанд моҳ инҷониб болоравии нархи гӯшт ба назар мерасад, ки он ба шароити зиндагиву иқтисодии бошандагони вилоят рост намеояд.

Ақидаҳо гуногун, аммо қассоб чӣ мегӯяд?

Вақти суҳбат аксар аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бинобар гарон шудани нархи гӯшт барои харидории он имконият надоранд.

Ҳуринисо Каримова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро болоравии нархи гӯшт нигарон кардааст.

- Ба арзиши 60 сомонӣ ба фурӯш гузоштани гӯшт ноинсофист, зеро нафақа ва маоши имрӯза ба ин нарху наво тамоман мутобиқат намекунад. Чор нафар фарзанд дорам, ки тӯли ду моҳ гӯшт истеъмол накардаанд, зеро шароити иқтисодии оилаам он қадар хуб нест. Бе гӯшт хӯрок маззаи худро гум мекунад. Дар ҳолати баланд бардоштани нарху наво бояд маош ва нафақа ба эътидол оварда шавад, - гуфт бо таассуф номбурда.

Алҳол дар бозори марказии «Панҷшанбе» 60 дӯкони гӯштфурӯшӣ ҳаст, ки танҳо 34 - тои он фаъолият дорад. 26 - тои дигар аз ҳисоби харидорӣ карда натавонистани мол як муддат маҳкам аст.

Тавре, сардори Ташкилоти ҷамъиятии «Соҳибкорони бозори марказии «Панҷшанбе» Ғанӣ Почоев иттилоъ дод, яке аз сабабҳои болоравии нархи гӯшт ин қимматшавии хӯроки чорво ва кам гардидани саршумор дар бозор аст. Болоравии нархи гӯшт ба фурӯшандагону қассобон низ зарари молӣ расонидааст. Бо вуҷуди он, ба гарон шудани нарх нигоҳ накарда, имрӯз сокинон бо гӯшт таъмин шуда истодаанд.

Дар бобати нархгузорӣ ва назорати он Ғанӣ Почоев гуфт, ки - мо дар даврони иқтисоди бозоргонӣ қарор дорем, бинобар он ба нарх дахолат карда наметавонем. Дар ин ҷода танҳо барои арзонтар кардани он ташвиқот мебарему халос. Нарх ба ихтиёри фурӯшанда аст.

Гӯшт ва кисаи харидор

Гӯштфурӯши бозори «Панҷшанбе» аз он изҳори нигаронӣ кард, ки шумораи харидорон торафт кам шудааст ва инро ӯ аз болоравии нарх мешуморад.

Хӯроки чорво қиммат шуда истодааст. Барои ба фурӯш рафтани гӯшт маҷбур ҳастем бо нархи 45 сомонӣ фурӯшем, дар асл мо як килои онро бо нархи 46 - 47 сомонӣ мехарем. Умедворем, ки минбаъд нархҳо ба танзим оварда мешавад , - мегӯяд ӯ.

- Солҳои пеш давоми ду рӯз гӯшти як чорво ба савдо мерафт, имрӯз бошад, танҳо 35 - 40 кило ба фурӯш мераваду халос. Агар як гов 250 - 300 кило бошад, онро давоми се - чор рӯз мефурӯшем, ки ин бар зарари мо аст, - мегӯяд фурӯшандаи дигар.

Дар бобати тайёр кардани хӯроки чорво дар ахбори Сарраёсати омори вилоят омадааст, ки дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят мавсими тайёр ва захираи хӯроки чорво давом дорад. То 1 - уми июли соли 2019 барои таъмини хӯроки чорвои ҷамъиятӣ дар даври тирамоҳу зимистон ба миқдори 132,3 ҳазор тонна ва ё нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 120,6 фоиз хӯроки дурушт, аз он ҷумла 83,2 ҳазор тонна хасбедаи алафҳои корам ва табиӣ, 3,7 ҳазор тонна тарбеда ва 45,4 ҳазор тонна зиёд коҳ тайёр ва захира кардаанд.

Ҳамагӣ ба ҳисоби воҳиди хӯрока 49,2 ҳазор тонна ё нисбат ба соли гузашта 117,8 фоиз, ба ҳисоби ҳар сар чорвои калони шартӣ 6,9 сентнерӣ воҳиди хӯрока ғизо тайёр карда шудааст.

Аз ин ҳисобот бармеояд, ки гароншавии нархи гӯшт ба хӯроки чорво вобастагӣ надорад.

Абдувоҳид Раҳматов - мутахассиси соҳа аст ва 15 сол инҷониб дар ҷодаи молу гӯшт фаъолият мебарад. Ӯ мегӯяд, болоравии нархи гӯшт омилҳои ба худ хосро дорад.

- Аввалан, барои парвариши як сар моли калони шохдор тақрибан як солу се моҳ вақт лозим аст. Як сол ғизои мол он қадар харҷи зиёд надорад, асосан 3 моҳ барои ба фурӯш омода кардан хӯроки серғизо бояд истеъмол кунад. Ҳамчунин, барои ба беморӣ гирифтор нашудани он шахси алоҳида бояд нигоҳубин карда, аз ҳолаташ бохабар гардад. Дувум омил ин аст, ки солҳои пеш дар вақти муайян кардани вазн танҳо гӯшти молро ҳисоб мекарданд, имрӯз бошад, чорворо ба пуррагӣ ҳисоб мекунанд, ки ин низ то андозае ба гароншавии нарх боис мегардад. Савумин сабаб дар он аст, ки сокинон бештар ба гӯшти беустухон аҳамият медиҳанду шумораи нафароне, ки гӯштро бо устухон харидорӣ мекунанд, торафт кам шуда истодаанд. Агар фурӯшанда фақат лаҳмро фурӯшад, устухонро бояд бо нархи арзон диҳад, ки ин барои фурӯшанда муфид нест. Ниҳоят, охирин омил ин болоравии нархи хӯроки чорво ва кам шудани мол аст, агар мол зиёд шавад, нарх арзон мешавад ва агар он кам гардад, нарх низ қиммат мешавад, - мегӯяд номбурда.

«Ба дӯкони гӯшт наздик намеравам»

Доир ба боло рафтани нархи гӯшт бо чанде сокинон ҳамсуҳбат гаштем, ки аксар нисбат аз гаронии нархи гӯшт норозӣ буданд.

Аз ҷумла нафақахӯр Акрам - бобо мегӯяд, ки ба маблағи 60 сомонӣ харидани гӯшт барои камбизоатону нафақахӯрон вазнин аст. Мо, нафақахӯрон дар як моҳ аз 200 то 250 сомонӣ нафақа мегирем ва имконияти харидани гӯштро надорем. Чанд муддат аст, ки ба дӯкони гӯштфурӯшӣ наздикӣ намекунам, зеро хуб медонам, ки нарх боло рафтаасту ба кисаам рост намеояд. Танҳо аз масъулин хоҳиш мекунам, ки нархро ба танзим дароварда, барои аҳолӣ кори хайру савобро анҷом диҳанд.

Бино ба маълумоти бадастомада ба 1 – уми июли соли 2019 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ шумораи чорвои калон 661,2 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 17,1 ҳазор сар ё 2,7 фоиз, саршумори гӯсфанду буз 21,7 ҳазор сар ё 1,4 фоиз, зиёд шудааст. Аз теъдоди умумӣ 92,8 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,5 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Пас ақидаи мардум бобати кам шудани чорво низ танҳо сару садоҳои беасос аст.

Дар ҳақиқат, гароншавии маҳсулоти серғизои хӯрока, алалхусус, гӯшт имрӯз ҳамагонро ба ташвиш андохтааст. Масъулинро мебояд сабабу омилҳои болоравии нархи гӯштро ба пуррагӣ омӯхта, баҳри бартараф ва ба танзим даровардани нархи ин ғизо чораҳои зарурӣ андешанд, зеро дар ин радиф фикру ақида ва норизогиву нофаҳмиҳои зиёде пеш омадааст.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh