Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон

Ҳамдиёрони азиз!

Иди саиди Қурбон, ки баёнгари суннатҳои писандида ва арзишҳои инсондӯстонаи дини мубини Ислом мебошад, иди меҳрубониву вафодорӣ, садоқат, покию назофат ба шумор рафта, аз фарҳанги ғании исломӣ сарчашма мегирад ва дар ташаккули маънавии инсон ва такмили ахлоқи ҳамида мусоидат менамояд.

Ба муносибати ин санаи муборак мардуми сарбаланди вилоятро самимона табрику таҳният гуфта, саломатию умри дароз, хонаи обод, дастархони пурфайзу баракат ва оромию осоиши рӯзгорро орзу менамоям.

Мардуми меҳнатқарини кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол мисли тамоми мусулмонҳои ҷаҳон иди саршор аз арзишҳои инсонпарварию мардумнавозиро дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол мегиранд.

Аз муҳимтарин суннатҳои неки иди Қурбон ба ёд овардани гузаштагон, зиёрати манзили онон, аёдат намудани оилаҳои азодор ва анҷом додани амалҳои хайру савоб ба ҳисоб меравад. Гузашта аз ин, дар ин рӯзҳои муборак таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҳазорон мусалмонони диёрамон яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом – фаризаи ҳаҷро ба ҷо меоранд.

Боиси таъкид аст, ки бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат сол аз сол маърифати маънавию ахлоқии шаҳрвандон боло рафта, дар арафаи ҷашну идҳо таваҷҷуҳи соҳибкорону ашхоси баландҳиммат нисбати дастгирии ятимону маъюбон ва ниёзмандон, таъмиру тармими муассисаҳои иҷтимоӣ, мактабу кӯдакистон, майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, беморхона, китобхона, ҳаммом, бунёди роҳу кӯчаҳо, ободонии маҳаллаву деҳаҳо, таъмиру тармими пулҳо ва дигар корҳои ободонӣ ба анъанаҳои нек табдил ёфта истодааст.

Аз ин лиҳоз, бо шукргузорӣ аз соҳибдавлатию соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишварамон аз рӯзҳои пурфайзи ин иди садоқат ва покию баракат истифода бурда, кормандони мақомоти давлатии маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳо, деҳаҳо, кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳо, соҳибкорон, аҳли ҷамоатчигӣ ва дигар шахсони хайрхоҳу дорои имконият бояд анъанаҳои неки гузаштагонро идома бахшида, барои шахсони яккаву танҳо, маъюбон, ятимон, беморон, оилаҳои камбизоату барҷомонда ва қишрҳои дигари ниёзманд дасти хайру саховатро боз намоянд.

Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Яке аз ҳикматҳои муҳимтарини ин анъанаи неки динӣ иттиҳоду ҳамбастагии мусулмонон тавассути кӯмак ба ҳамдигар ва гирифтани дасти эҳтиёҷмандону ятимон ва барҷомондагон аст».

Таълимоти дини мубини Ислом хазинаи одобу ахлоқ, дунёи панду андарз ва раҳнамои инсон ба дастовардҳои маънавӣ мебошад. Дар баробари он, дар замони рушди бесобиқаи илму техника моро зарур аст, ки ҷиҳати ҳамқадамӣ бо замон барои ба таври васеъ ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои гуногун, корбурди техника ва технологияи муосир, ҳифзу ҳимояи фарҳанги миллӣ ва истифодаи он ба манфиати давлату миллат, расидан ба ҳадафҳои наҷиби тарбияи насли ояндасоз ва рушду шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон ҳаматарафа саъйу кӯшиш намоем.

Итминони комил дорам, ки мардуми вилоят чун тамоми сокинони сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо истифода аз имкониятҳо барои ободию пешрафти Ватани маҳбубамон фаъолият намуда, барои анҷом додани рисолати инсонӣ ва қарзи шаҳрвандияшон ба таври доимӣ кӯшиш менамоянд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар фарорасии Иди саиди Қурбонро ба мардуми вилоят табрику таҳният намуда, тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, ризқи фаровон, тандурустӣ ва файзу баракатро таманно менамоям.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Add comment


Security code
Refresh