Муроҷиати шаҳрвандон: Мақсад, мушкилот ва маърифат

Тибқи иттилои мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Ашт Ҷамшед Маҳкамов тайи соли равон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 1759 нафар, аз ин миқдор тариқи хаттӣ 1348 нафар, шифоҳӣ - 236 ва ҳуқуқӣ 174 нафар сокинон барои ҳалли мушкилоти худ муроҷиат кардаанд.

Аён аст, ки шаҳрвандон дар ҳалли масоили гуногун ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ роҳ мегиранд. Чун ҳамешагӣ мушкилоти бештар дар самти гирифтани замин ва баҳси он, шаҳодатномаи истифодаи замин, ёрии моддӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, масъалаҳои иқтисодӣ, мактабу маориф ва соҳаи тандурустӣ, таъмин бо ҷойи кор, оид ба парасторӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба назар мерасад.

Дар бобати вориди аризаҳои хаттӣ қайд кард, ки аз 1348 ариза 135 - тоаш ҳалли мусбати худро ёфтаву 47 ададаш мавриди санҷиш қарор доранд. 1031 ариза вобаста ба соҳаҳо ба ташкилоту муассисаҳои дахлдор фиристода шудаанд. 33 ариза қонеъ гардонида нашудааст, ки сабабҳои асосӣ ба мақомоти судӣ марбут будани он аризаҳо, дарёфт нагардидани ҷойи кор ва ғайра мебошанд.

Гуфтан мумкин аст, аксари сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шайдон ва Ошоба бо мушкилоти замин муроҷиат мекунанд. Аммо аз ҷараёни қабул бармеояд, ки онҳо мебоист аввал ба ҷамоатҳои худ муроҷиат менамуданд.

Яке аз масъалаи муҳим он аст, ки аксари сокиноне, ки соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ шудаанд, то ҳол сохтмонро оғоз накардаанд. Метавон дар ин самт Ҷамоати шаҳраки Шайдонро мисол овард: агар соли 2017 зиёда аз 600 нафар соҳиби қитъаи наздиҳавлигӣ шуда бошанд, то ин замон наздики 70 - 75 нафар ба сохтмон оғоз кардаанду халос. Мардум дар бобати гирифтани қитъаҳои наздиҳавлигӣ бетоқатӣ мекунанду пайваста дари мақомотро мекӯбанд, аммо баъди соҳиби замин гардидан аз пайи сохтмон намешаванд.

Ҳамчунин, баъзе шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба қавле даст диҳӣ, аз оринҷ медоранд. Ин ҷо мақсади муроҷиат баҳри ёрии моддӣ аст. Баъзеҳо мехоҳанд пайваста ёрии моддӣ гиранд. Аммо бояд дар хотир дошт, шаҳрвандоне, ки камбизоатанду ба ёрии моддӣ ниёз доранд, кам нестанд. Масъулин вазифадоранд, ки то қадри имкон ва бо навбат мушкили онҳоро ҳал намоянд.

Таҳмина МИСРОБӢ,
ноҳияи Ашт

Add comment


Security code
Refresh