Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори рӯзи кормандони тиб

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 18 - уми август дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад. Боиси хурсандист, ки имсол иди касбии кормандони ҳифзи сиҳҳати омма ба арафаи солгарди ҷашни фархундаи 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад.

Иди касбиро ба кулли кормандони соҳа ва ҳамдиёрон табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон саодати рӯзгору бахту иқболи баланд таманно дорам.

Боиси таъкид аст, ки Рӯзи кормандони тиб бо мавлуди алломаи Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино робитаи қавӣ дорад. Тӯли қарнҳо аҷдоди донишманди мо ба мисли Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва даҳҳои дигар ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро ба вуҷуд оварда, рушд бахшидаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки кормандони муассисаҳои тиббии вилоят ин санаи таърихиро дар соли омодагиҳо ба таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои шоёни меҳнатӣ ва рӯҳбаландии сиёсӣ ҷашн гирифта истодаанд. Мақсади асосиии кормандони ҳифзи сиҳати омма баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ворид кардани техникаву таҷҳизоти замонавии тиббӣ, ташхиси босифати бемориҳо буда, онҳо бо дастони шифобахш ва суханони нармашон ба мизоҷон саломатии бардавом ва дарозумрӣ ҳадя карда истодаанд.

Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста қабул ва амалӣ шудани барномаҳои давлатӣ, Стратегия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати беҳдошти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мақому манзалати табибон дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта, дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ баланд бардошта шавад.

Имрӯзҳо дар муассисаҳои тиббии вилоят 5143 духтур, 17393 корманди миёнаи тиб ва садҳо нафар кормандони ёрирасон содиқона ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Онҳо ворисони арзандаи гузаштагони пурифтихори худ буда, бо осору истеъдоди фитриашон дар Тоҷикистон ва берун аз он эътироф шудаанд.

Итминони комил дорам, ки кормандони муассисаҳои тандурустии вилоят дастовардҳои хешро муттасил афзун намуда, баҳри солимии ҳар сокини диёр ва ояндаи нек хизмати шоиста ба анҷом мерасонанд.

Бо ҳамин таманниёт табибони ҳозиқро ба муносибати иди касбиашон табрику таҳният гуфта, дар ҳаёти шахсиашон бахту саодат, файзи рӯзгор ва дар анҷоми рисолати инсондӯстона комёбиҳои беназир орзу менамоям.

Иди касбӣ муборак, шифокорони азиз!

Add comment


Security code
Refresh