Бо шукргузориву ифтихормандӣ

Воқеан ҳам сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи зебоманзари Деваштич пурфайзу пурбаракат буд. Бо ибтикори Ҷаноби Олӣ ба унвони қаҳрамони халқи тоҷик Деваштич номгузорӣ намудани ноҳияи мо, боз ҳам ҳисси ватандӯстию садоқат ва ҳамияту матонати сокинони онро афзун намуд.

Пайравии насли ҷавон ба сиёсати мардумпарваронаи Сарвари давлат ва Деваштичи қаҳрамон аст, ки ноҳияи мо тайи чанд соли охир яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи сафарбар намудани ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона иҷро менамояд.

Таҳти ғамхориҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат симои ноҳия имрӯз куллан дигаргун гаштааст. Бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳия сохта, ба истифода додани беш аз 300 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Бархе аз онҳо, аз қабили мактабу кӯдакистони замонавӣ ва маркази саломатӣ дар деҳаи Яхтан, Маҷмааи модару кӯдак, биноҳои нозироти андоз ва адлия, Боғи истироҳатӣ - фароғатӣ, майдони Парчам, пайкараи Деваштич, чароғону мумфарш шудани роҳҳо дар маркази ноҳия ва боз даҳҳо иншооти дигар бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ҷавобан ба ташаббусҳои созандаи Сарвари давлатамон мардуми меҳнатқарини ноҳия яке аз анъанаҳои неку хоси миллӣ - ҳашарро аз нав ҷоннок намуда, аз ҷумла бо ин васила зиёда аз 500 синфхона барои 12 ҳазор хонанда ва беш аз 20 бунгоҳи тиббӣ бунёд намуданд.

Алҳол мардуми ноҳия бо рӯҳияи баланди хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ баҳри бо дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ истиқбол намудани ҷашни солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъйу талоши комил меварзанд.

 Шараф Зикруллоев,
омӯзгори муассисаи
 таҳсилоти миёнаи
умумии рақами 1 - и
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh