Баррасии муроҷиати шаҳрвандон масъалаи муҳим

Санаи 2-юми сентябри соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули шаҳрвандонро доир намуд, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарои сохторҳои вилоятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат доштанд.

Раиси вилоят қабл аз баррасии масъалаҳои шаҳрвандон таъкид дошт, ки эътибор ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Боиси зикр аст, ки дар ҷараёни қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят 31 нафар  нафар сокинон бо масъалаҳои мухталиф пазируфта шуданд, ки муҳтавои асосии муроҷиати шаҳрвандонро масъалаҳои рӯзмарра, аз қабили баҳси замин, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, танқисии оби полезӣ ва нӯшокӣ,  мумфаршкунии роҳҳо, кӯмаки моддию молиявӣ  ва амсоли ин ташкил медоданд. Аз ҷумла, сокинони шаҳр Аҳрор Обидов роҷеъ ба масъалаи нархи пахта ва танзими он, Нуруллобек Пӯлодов оиди мумфарш намудани роҳ, Раъно Ҷӯраева бобати таъсиси донишкадаи омӯзгорӣ дар шаҳр, ҳамида Ёқубова доир ба фаъолияти кумитаи маҳаллаҳои шаҳр саволу дархостҳои худро ба Раиси вилоят пешниҳод намуданд.   

Раиси вилоят аз қабули шаҳрвандон натичагирӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки аксари муроҷиатҳо бояд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои деҳот ва сохтору ташкилотҳои дахлдори шаҳрӣ ҳаллу баррасӣ карда мешуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти шаҳри Конибодом, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳриро муваззаф намуд, ки ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, бартараф намудани муаммоҳои ҷойдошта эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

- Хизматчиёни давлатӣ бо муроҷиаткунандагон дар доираи одоби хизматчии давлатӣ бояд рафтор намоянд ва фаромӯш насозанд, ки Пешвои муаззами миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат вобаста ба масъалаи мазкур махсус таъкид намудаанд, ки “...ҳар яки мо – роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо. Яъне, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, ба халқи азизамон содиқонаву самимона ва бо виҷдони пок хизмат кунем”, - зикр намуд Раиси вилоят.

 Ба масъулин бобати ҳалли саривақтии муроҷиатҳо як моҳ муҳлат дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки 28-уми апрели соли 2018 дар шаҳр аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабули шаҳрвандон доир гардида ва 49 нафар бо 61 масъала муроҷиат намуда буданд.

Тибқи иттилои масъулин дар ҳашт моҳи соли равон  ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 98 нафар сокинони шаҳри Конибодом, аз ҷумла72 нафар хаттӣ ва 26 нафар шифоҳӣ муроҷиат намудаанд. Ин аз он башорат медиҳад, ки дар шаҳр ҳанӯз ҳам масъалаю муаммоҳои ҳалталаб зиёданду фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар самти кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон ба беҳбудӣ ниёз дорад.

Мухтори Абдулло,
“Ҳақиқати Суғд”

 
 
 

 

Add comment


Security code
Refresh