Маросими баистифодадиҳии хати оби нўшокии Майдонча-Варсиқ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Истаравшан ​

Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Варсиқи Ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Истаравшан маросими баистифодадиҳии хати оби нўшокӣ баргузор гардид.

Дарозии хати оби нўшокӣ, ки аз деҳаи Майдонча ба деҳаи Варсиқ кашида шудааст, 3,9 километрро ташкил медиҳад. Барои иҷрои корҳо аз тарафи аҳолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 250 000 сомонӣ маблағ сарф гардида,  тавассути лулаҳои обгузари қутрашон 125 мм ба деҳаи Варсиқ оби нӯшокӣ оварда шудааст.

Деҳаи Варсиқи Ҷамоати деҳоти Чорбоғ дорои 625 хоҷагӣ ва 3570 нафар аҳолӣ буда, бо ифтитоҳи хатти мазкур мушкили норасоии оби нӯшокӣ бартараф карда шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маросими баистифодадиҳии хати оби нўшокӣ ташаббуси созандаи сокинонро барои ҳалли масъалаи муҳими иҷтимоӣ шоистаи пайравӣ унвон кард. Таъкид карда шуд, ки маҳз иқдому ташаббусҳои созандаи сокинон барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда мусоидат менамояд ва дар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” масъалаҳои муҳими деҳоти вилоят ҳал мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh