Баргузории қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Айнӣ. 30 нафар ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд

11 сентябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қабули шаҳрвандонро доир намуд, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарои сохторҳои вилоятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат доштанд.

Раиси вилоят зимни қабул ва баррасии масъалаҳои шаҳрвандон таъкид дошт, ки эътибор ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷараёни қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят 30 нафар сокинон бо масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла баҳсҳои вобаста ба замин, таъмин шудан бо об, бунёди бинои иловаги муассисаҳои таълимӣ, таъмири роҳҳо пазируфта шуданд.

Раиси вилоят аз қабули шаҳрвандон натиҷагирӣ намуда, зикр дошт, ки дар ноҳияи Айнӣ, хусусан дар деҳот ҳанўз ҳам масъалаю  муаммоҳои ҳалталаб зиёданд ва фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар самти кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон ба беҳбудӣ ниёз дорад.

Дар ин замина ба роҳбарияти ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ дастур дода шуд, ки ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартараф намудани муаммоҳои ҷойдошта эътибори алоҳида зоҳир намоянд.

Ба масъулин бобати ҳалли саривақтии муроҷиатҳо як моҳ муҳлат дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh