ЛИБОСИ ЗЕБО – ҲУСНИ ИНСОН!

Чанд сол муқаддам вақте бо иқдоми Пешвои муаззами миллат ширкати «Бисот» дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид, либоси махсусро ба кормандони ин коргоҳ ҶДММ «Азиз - К» омода сохт ва он писанди ҳамагон гардида, минбаъд корхонаҳои ҶДММ «Фаровон - 1», Автодром, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, Роҳи оҳан, кормандони сохторҳои низомӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, осоишгоҳи «Баҳористон», тарабхонаву қаҳвахонаҳо ва дигарон аз ҳамин ширкат дӯхтани либоси махсусро дархост намуданд. Ҳоло зиёда аз бист навъи дӯхти либосҳои мардона, занона ва бачагона ва сарпӯшҳои гуногунро пешкаши муштариён мегардонанд.

- Боиси хурсандист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се соли минбаъдаро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд ва мо, ҳунармандон, имкон пайдо намудем, соҳаи хешро рушд диҳем. Инчунин, ба истифода додани чархаи дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» барои мо, ҳунармандон, ки ҳамеша фаъолиятамон аз қувваи барқ вобаста аст, паёми хушест. Шукри даврони истиқлол, ки соат ба соату рӯз аз рӯз шароити зиндагӣ ва кор беҳтар ва давлатамон пуриқтидор шуда истодааст, - бо қаноатмандӣ посух дод сарвари ҶДММ «Азиз - К» Абдухалил Рауфов.

Бо дуои пирони кор

Коргоҳ ҳанӯз соли 1997 чун сехи хурд кори хешро бо се нафар оғоз намуда, танҳо бо дӯхти либоси мардона, аз ҷумлаи костюму шим машғул буд. Сарвари он А. Рауфов пас аз хатми факултаи нақшакашӣ ва рассомии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соли 1987 дар Иттиҳодияи дӯзандагии “Наврӯз” ба сифати бурранда ба кор шуруъ намуд. Вақте мизоҷон аз дӯхти либос қаноатмандӣ изҳор менамуданд, шод мегардид, вале ҳангоми бо ситеза баромада рафтанашон ба андеша ғӯтавар мегашт ва чунин муомила ӯро водор сохт, ки баҳри сайқали дониш бикӯшад.

Бо тавсия ва дуои пирони кор факултаи тарроҳии Донишгоҳи давлатии шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия ва дар шаҳри Киров курси кӯтоҳмуддати тахассусиро ба итмом расонид.

Вақте ба ватанаш баргашт, сафи мизоҷонаш афзуданд ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят масоҳати коргоҳро васеъ намуду боз чанд нафари дигарро ба меҳнат ҷалб сохт. Инак, беш аз бист сол аст, ки А.Рауфов бо дӯхти либосҳои мардонаву занона ва бачагона машғул буда, наздик 25 нафар (аз ин панҷ нафар мард) паси мошинаҳои дарздӯзии истеҳсоли Хитой – «Ямата» ва «Ҷукӣ» ва мошинаҳои дарздӯзии аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ боқимонда нишаста, талаботи мардумро қонеъ мегардонанд.

Сайқали маҳорат

Ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ва аз матоъҳои истеҳсоли ватанӣ истифода бурдан мебошад. Аз ин рӯ, мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳарчӣ бештар ба коргоҳҳои дохилӣ рӯй оварем. Айни ҳол либосҳои омодакарда аз матоъҳои истеҳсоли коргоҳи «Нассоҷи Хуҷанд» ва ширкатҳои Туркияю Бишкек мебошад, - қайд кард сарвари ҶДММ «Азиз-К» А.Рауфов.

- Мақсади мо ба пуррагӣ омӯзонидани ҳунар аст. Ҳар як корманд кӯшиш дорад, малакаи кории хешро сайқал диҳад, яъне ҳамаи намудҳои дӯхтро аз бар кунад, то ин ки дар ҳолати зарурӣ нафари дигареро иваз карда тавонад. Дар муҳлатҳои муайян маҳорати ҳунармандии кормандон санҷида, дараҷаи дониши онон муайян ва маош низ аз рӯи ҳунари азбаркардаашон муқаррар карда мешавад, - мегӯяд муовини сардори ҶДММ «Азиз - К» Шоирахон Абдураҳимова.

Сардори сех Марҳабохон Салимова иброз медорад, ки сафи мизоҷон зиёданд. То ин дам оид ба дӯхти либос аз ҷониби талабгорон шиквае нашудааст. Дар фаслҳои баҳор ва тобистону оғози тирамоҳ ба қавле кор «ҷӯш мезанад». Зеро аҳолӣ либосҳои дӯхти мактабӣ, сохторҳои низомӣ, корхонаҳоро фармоиш медиҳанд. Кормандон ифтихор аз ҳунари худ доранд, зеро шуҳрати ширкат афзун гаштаасту имрӯз мизоҷон натанҳо аз кишвари офтобии Тоҷикистон, балки аз Хитою Фаронса ва Бишкеку Тошканд низ ташриф овардаанд.

Пайғоми хуш

Дӯзандагон Нодира Ҷӯраева, Маҳфуза Икромова, Абдусаттор Рауфов, Дилафрӯз Оқилова ва дигарон дар дӯхтани либосҳои мардонаву занона ва бачагона аз кори хеш ва шароити коргоҳ қаноатманданд.

Зимни суҳбат Шоирахон Абдураҳимова иброз дошт, ки дар чанд намоишгоҳҳои кишвар ширкат варзида, аз масъулин баҳои арзанда гирифтаанд. Дар намоиши либосҳои бачагона, ки дар Муассисаи давлатии «Кохи Рӯдакӣ» доир шуд ва дар Ярмаркаи байналхалқии «Суғд - водии имкониятҳо» соҳиби сертификат гардидаанд. Чунин мукофот моро водор месозад, ки баҳри бо сифати аъло омода сохтани сарулибос кӯшиш ба харҷ диҳем.

Дар ҳар иду айём кормандони коргоҳ бо роҳбарии А. Рауфов бошандагони Хонаи пиронсолон ва Хонаи бачагони шаҳри Хуҷандро аёдат намуда, хотири ононро бо сарулибос, хӯрокворӣ ва маблағ шод менамоянд.

Чанде пеш ба кормандони ҶДММ «Азиз - К» ба муносибати “Солҳои рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – босуръат саноатикунонии мамлакат, аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода пайғоми тозае расид. Онҳо соҳиби замин шуданд.

- Мо, ҳунармандон, дар ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, хосатан Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро эҳсос менамоем.

Чунин иқдом, дастгирӣ моро водор месозад, ки шароити кормандонро боз ҳам беҳтар ва ҷойи корӣ муҳайё созем, таҷҳизоти дӯзандагиро дастрас намуда, бо намудҳои нав ба нави либосҳои замонавӣ ҳар як шаҳрванди тоҷикистонӣ ва берун аз онро оро диҳем ва дар саноатикунонии мамлакат ҳиссагузор шуда, тавассути меҳнати сидқидилонаи хеш шуҳрати мамлакати биҳиштосоямонро баланд бардорем, - мегӯяд сарвари коргоҳ.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh