ИШТИРОК ДАР ЧУНИН САБҚАТ ХУД ҒОЛИБИЯТ АСТ,- иброз медоранд варзишгарони кишварҳои минтақа

Ҳафтумин Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо аз санаи 2 – юм оғоз гардида, то  5 – уми октябри соли равон дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд идома меёбад.

Мусобиқа бо иқдоми Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир гардида, аз рӯи 7 категорияи вазнӣ варзишгарон байни ҳам сабқат намуда истодаанд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки алҳол варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд.
Абурайҳон Родманиш варзишгар аз Ҷумҳурии ҳамсояи Афғонистон буда, зимни суҳбат қайд намуд, ки дар ин мусобиқа рақобати нахустинаш варзишгар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Тавре номбурда зикр дошт, дар муҳориба мағлуб гардидааст. Ӯ аз шикасти худ руҳафтода нест. Мақсад аз иштирок ба даст овардани яке аз зинаҳои ифтихорӣ буд, вале аз сабаби пурқувват будани рақибаш натавонист, ба даври дигар роҳхат гирад.

Абурайҳон Родманиш, дар идомаи суханаш илова намуд, ки омада ширкат варзидан чунин мусобиқа худ ҷоиза аст.

-Бори аввал аст, ки банда дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намудам. Ба ташкилкунандагон миннатдорӣ баён намуда, гуфтаниям, ки баргузории чунин мусобиқот дӯстиву рафоқати ҷавонони кишварҳои ҳамсояро мустаҳкам месозад.

Сафян Мурадбеков, дзюдоисти Қазоқистон аст. Ба андешаи ӯ, рақобат дар вазни барояш муқаррар шуда, хеле душвор хоҳад гузашт. Зеро аз кишварҳои гуногун дзюдоистон низ иштирок мекунанд, ки таҷрибаи бештарро доро ҳастанд.

- Иштирок дар ин мусобиқа барои ман як ифтихор аст. Зеро бо варзишгарони дигар кишварҳо рақобат намудан, боиси баланд гардидани маҳорату малакаи варзишӣ мегардад. Умедворам, ки бо рақибони хеш дастболо гардида, яке аз зинаҳои ифтихориро сазовор мегардам, - мегӯяд Сафян Мурадбеков. 

Ёқуб Ғиёсов, дзюдоисти тоҷикистонӣ дар мусобиқа маҳорату малакаи худро санҷиданист. Мехоҳад тамоми кӯшишу малакаашро барои ноил гардидан ба ҳадафи дар пеш гузоштааш сарф намояд. Ният дорад, ки ба даврҳои дигар роҳхат гирифта, бо ҳарифони пурқуввати худ нерӯсанҷӣ намояд. Умедвор аст, ки ба он ҳама мақсаде, ки дар пеш гузоштааст бирасад. Мегӯяд, ки агар дастболо нагардад, тамринҳои худро зиёд намуда, маҳорату малакаашро рушд дода, дар оянда дастболо хоҳад гашт.  

Ҷасур Самадов, дзюдоисти кишвари Ӯзбекистонист, ки дар рӯзи аввали мусобиқа ба ҳама ҳарифонаш дастболо гардида, зинаи ифтихориро соҳиб шудааст.

-Хурсандам, ки ба кишвари дӯсту бародари тоҷик омада, дар мусобиқаи бонуфузи Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, сазовори мақоми аввал гардидам. Умедворам, дар оянда низ баргузории чунин мусобиқаҳо зиёд мегардад.   

Алибек Акимов, аз кишвари  Қирғизистон дар ин мусобиқа аз рӯи вазни - 100 кг ҳунармоӣ хоҳад кард. Кӯшиш мекунад, ки дастболо гардад. Зеро ба қавли худаш мақсад аз иштирок танҳо ғолибият аст. Дар сурати ба даври дигар роҳхат гирифтану баъдан шикаст хӯрданаш рӯҳафтода намешавад.

Азамҷон Азамов, – мураббӣ аз кишвари Ӯзбекистон зимни сӯҳбат иброз намуд, ки дар ду рӯзи баргузории мусобиқот варзишгарони Ӯзбекистон маҳорати хуб нишон доданд. Алҳол беш аз 20 нафар дзюдоисти мо дар вазнҳои мухталиф иштирок намуда, ба даври дигар роҳхат гирифта истодаанд. Умед дорем, сафи ғолибон зиёд мегардад ва бо натиҷаи назаррас ба кишвари хеш бармегардем.

Дар  ин мусобиқот Ҷумҳурии Қирғизистонро беш аз 8 варзишгар дар вазнҳои аз 60 кг то ӯ100 кг муаррифӣ менамоянд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh