Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ

19 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ дар маросими баистифодадиҳии майдончаи варзишӣ иштирок намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи иншооти варзишӣ аз рафти бунёдкориҳо дар вилоят ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то соли 2021 дар вилоят даҳҳо иншооти варзишӣ бунёд ва ба истифода дода мешавад. Насли ҷавонро зарур аст, ки аз шароити мавҷуда самаранок истифода намуда, ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул гарданд.

Майдончаи варзишӣ дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Садруддин Ҳамроев дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон сохта шудааст.

Майдончаи варзишӣ давоми панҷ моҳ ва бо харҷи 400 000 сомонӣ бунёд гардида, дорои ҳаммоми замонавӣ, утоқ барои ивази либос ва нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh