МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ – ОМИЛИ САЙҚАЛИ МАҲОРАТ

Бо шарофати Истиқлолияти кишвар дар қатори дигар соҳаҳои варзиш низ дар Тоҷикистон сол аз сол рушду нумуъ дорад. Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои инкишофи варзишу тарбияи ҷисмонӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд, ки натиҷаи ҳамаи инро дар бунёди иншооти варзишӣ ва ба дастовардҳои назаррас ноил шудани варзишгарон метавон дид.

Санаи 16 – 17 уми ноябр  бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушод оид ба каратэ-до байни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода иштирок кард.

Чорабинӣ аз тарафи федератсияи карате-до ҷудокан ва годзю-рюи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи ин намуди варзиш, байни кӯдакон наврасон ва ҷавонон, баҳри баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни варзишгарон, ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш сурат гирифт.

Фозилҷон Ахмедов - Раиси федератсияи карате-до ҷудокани Ҷумҳурии Тоҷикистон, мураббӣ оид ба намуди карате-дои варзишии шаҳри Хуҷанд: Хушбахтона, солҳои охир ҷавонону наврасон ба соҳаи варзиш шавқу рағбати зиёд пайдо намуда истодаанд. Ба ифтихори Рӯзи Президент мусобиқаи кушоди шаҳрӣ таи ду руз баргузор гардид. Мусобиқа аз рӯи вазнҳои гуногун дар намуди даставӣ байни ноболиғон, духтарон, ҷавонписарон ва калонсолон гузаронида шуд.

Дар он  бештар аз 200 нафар варзишгар аз шаҳру навоҳии Хуҷанду Бобоҷон Ғафуров ҳунари худро нишон дода, зиёда аз  чор ҳазор тамошобину мухлиси варзиш иштирок намуданд. Дар чорабинӣ намоиши варзиши даставӣ, суруди марш, кумитаи даставӣ (спаринг) дар се майдон барои варзишгарони синну соли гуногун доир гардид.

Ҷои аввалро дар намуди дастави Хуҷанд, ҷои дуюмро  мактаби варзишии рақами 4- уми шаҳри Хуҷанд соҳиб гашта, ҷои сеюм сазовори дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  гардид. Бояд қайд намуд, ки дар чорабинӣ собиқадорон, устодони варзиш оид ба карате-дои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди Генадий Набиев, Сулаймонзода Наим Наримон, Ином Муҳиддинов, Ином Алиҷонов, Давронхон Алихонов, Мирзоиброҳим Иброҳимов  ва сардухтури тиббӣ варзишӣ ва тарбияи ҷисмонӣ дар вилоят Насимҷон Ботуров иштирок намуданд ва ба ғолибони мусобиқа аз тарафи раиси шаҳр бо ҷом ва медалҳо диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд, –иброз дошт мавсуф.

Мураббияи Мактаби варзишии № 4-уми шаҳри Хуҷанд Ғуфрон Саидов ҳамчунин иброз дошт, ки варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Ин аст, ки мо мураббиён ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳем, то ки насли шоистаи давронро ба камол расонем.  Дар чорабинӣ аз муассисаи мо чил нафар шогирд аз мактаби варзишии № 4-ум иштирок намуда, ба ҷойҳои сазовор ноил гардида, бо туҳфаву сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Мо устодон кӯшиш менамоем, то ин, ки шогирдон дар бозиҳои байналмилалӣ низ иштирок намуда, парчами  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  боло бардоранд. Миннатдории худро ба  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   вилояту шаҳр ва Федератсияи карате-до расонида, дар навбати худ мекушем барои тарбияи солимии аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон мусоидат намоем, ҷавононро аз қонунвайронкунию ҷинояткорӣ ва нашъамандиву шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳифз намоем, - гуфт Ғуфрон Саидов

Боиси таҳсин аст, ки дастпарварони соҳаи варзиш ҳамасола дар чорабинии шаҳриву вилоятӣ ва берун аз кишвар фаъолона ширкат варзида, мақомҳои арзандаро ишғол намуда, парчами  Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд мебардоранд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh