Каратэ-до маъмул мешавад

Бо мақсади рушди карате-до, ҷалби мактабиён ба варзиш ва интихоби беҳтарин каратэчиёни навраси шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ташаббуси Федератсияи каратэ-дои миллӣ ва год - зиюрои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №23-юми ноҳияи Бобоҷон Fафуров мусобиқаи кушоди мактаби варзишии бачагону наврасон оид ба каратэ-до баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони Федератсияи каратэ-дои миллӣ ва год - зиюрои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактаби варзишии бачагону наврасони №1-уми шаҳри Хуҷанд ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №23-юми ноҳияи Бобоҷон Fафуров иштирок ва аз мақсаду ҳадафи мусобиқа ёдовар гаштанд. - Гузаронидани чунин чорабиниҳои варзишӣ, - гуфта шуд дар ифтитоҳи мусобиқа, - ба бедор кардани ҳисси ватандeстӣ, дeст доштани варзиш дар дили наврасон мусоидат мекунад. - Дар ин мусобиқа 246 нафар каратэчиён дар ҳайати 15 даста аз шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов ва ноҳияи Бобоҷон Fафуров иштирок намуданд.

Каратэ-до яке аз намудҳои маъмули варзиш буда, ба ин намуди варзиш ҷавонон шавқу рағбати беандоза доранд. Варзишгарони вилоят аз рeи ин намуди варзиш дар мусобиқаҳои байналхалқӣ борҳо ба гирифтани мақоми шоиста ноил гардиданд. Аз ҷумла, моҳи декабри соли сипарӣ каратэчиёни вилоят дар шаҳри Волгогради Федератсияи Русия дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон иштирок намуда, бо 6 медали тилло, 6 нуқра ва 6 биринҷӣ баргаштанд.

Варзишгарони ҷумҳурӣ дар ҳайати даставӣ дар ин мусобиқаи бонуфуз байни варзишгарони синни 18-21 - сола соҳиби мақоми 2-юм гардиданд. Бояд қайд намуд, ки ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи таваҷҷeҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нисбат ба варзиш аст. Чуноне маълум аст, соли сипарӣ аз тарафи Раиси вилоят Қоҳир Расулзода барои сафарбаркунии варзишгарон ба мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ 500 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд, ки варзишгарони вилоят тавонистанд дар якчанд мусобиқаи бонуфуз ширкат варзида, ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.

Федератсияи каратэ-дои миллӣ ва год-зиюрои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад дорад, барои боз ҳам ба дастовардҳои назаррас ноил гаштани варзишгарон пайваста чунин мусобиқотро ташкил намуда, дар ҳама толорҳо машқу тамринро пурзeр намояд. Каратэчиёни наврас дар ин чорабинии варзишӣ малакаву маҳорати худро нишон, ба беҳтаринҳо имконият даст дод, ки ба даври ниҳоӣ роҳхат гиранд. Аз байни 246 нафар варзишгарон ҳамагӣ 13 нафар тавонистанд, ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби медали тилло гарданд. Fолибону ҷоизадорони ин чорабинии варзишӣ бо медалу Ифтихорномаҳои Федератсияи каратэ-дои миллӣ ва год - зиюрои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактаби варзишии бачагону наврасони №1 ва бахши ҷавонон, а сайёҳии шаҳри Хуҷанд сарфароз гаштанд.

Нодир ТУРСУНОВ

Add comment


Security code
Refresh