Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят барои кормандони шабакаҳои телевизионии вилоят озмун эълон менамояд

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд барои таҳияи беҳтарин барномаи телевизионӣ дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандўстии наврасону ҷавонон озмун эълон менамояд.

Дар озмун журналистони шабакаҳои телевизионии вилоят, ки бо барномаҳои худ дар таблиғи ғояҳои асосии миллӣ, аз қабили садоқат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият саҳм гузоштаанд, метавонанд иштирок намоянд.

Муҳлати қабули мавод барои иштирок дар озмун аз 3 то 10 декабр буда, ба се нафар ғолибони озмун туҳфаҳои арзишманди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд тақдим мегардад.

Хоҳишмандон метавонанд барномаҳои телевизионии худро то 10 декабр ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд дастрас намоянд.

Телефон барои тамос: 4-65-15, 4-65-16

 

Add comment


Security code
Refresh