Беҳтарин бозии футбол дар мавсими гузашта

Дар меҳмонхонаи "Hyatt regency" маросими бошукӯҳи супоридани ҷоизаҳои чемпионати мамлакат дар соли 2012 баргузор шуд. Ба назар чунин расид, ки кормандони ФФТ бо роҳбарии президенти он Рустами Эмомалӣ дар баргузор кардани чунин чорабинӣ заҳмати зиёд кашида, аз роҳбарони қаблии ин ташкилот фарсахҳо пеш гузаштаанд ва бо диди нав ва тарҳи ҷадид ҷамъбасти солро созмон доданд.

Дар маросими мукофотсупорӣ ба дастаи "Равшан"-и Кӯлоб - чемпиони Тоҷикистон дар соли 2012-ум Ҷому ифтихорнома ва медалҳои тиллоии мусобиқоти ХХI чемпионат супурда шуд

Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода барои ҷойи дуввум, дастаи "Истиқлол"-и Душанбе барои ҷойи саввум бо медалҳои нуқраву биринҷии мусобиқот қадрдонӣ шуданд.

Се дастаи беҳтарини лигаи якум - "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (Ғолиби мусобиқаи соли 2012-ум), "Саройқамар"-и ноҳияи Панҷ (ҷойи дуввум) ва "Ҳулбук"-и Восеъ (ҷойи саввум) ва бо мукофотҳои ФФТ сарфароз шуданд.

Беҳтарин дарвозабон (Алишер Тӯйчиев-"Истиқлол") , ҳимоятгар (Ҳасан Рустамов-"Равшан"), нимҳимоятгар (Нуриддин Давронов-"Истиқлол"), ҳамлагар (Комил Саидов-"Регар ТадАЗ"), беҳтарин бозингари сол, беҳтарин нишонзан (Дилшод Восиев-"Истиқлол"), беҳтарин мураббӣ (Маъруф Рустамов-"Равшан"), беҳтарин довари сол (Раҳмон Муртазоев-Душанбе), беҳтарин мураббии футболи кӯдакона (Достон Мамиров- н.Ҷ Расулов), беҳтарин мураббии футболи занона (Илдар Раҳмонов-"Регар, ТадАЗ"), беҳтарин бонуи бозигар (Наталья Сотникова - "Ласточка"), беҳтарин бозингари футзал (Миралӣ Шарипов- "Бонки миллӣ") ва беҳтарин мураббии футзал (Ҳусейн Шодиев- "Вавилон") муайян карда шуда, бо ҷоизаҳои ФФТ мукофотонида шуданд.

Собиқадорони футбол низ аз ғамхории ФФТ баҳра бурданд. Дар маросими ҷамъбасти соли 2012 муовини сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистно Маликшо Неъматов ҳузур доштанд.

Аз расонаҳои хабарӣ

Add comment


Security code
Refresh