Бурду бохти варзиш дар Конибодом
- Details
- Published on Monday, 18 February 2013 16:19
Агар ба ҳар як комёбиҳои варзишгарони кандиён бо диққат назар кунем, он шояд касро ба ҳайрат орад. Масалан: вирди забон меорем аз муваффақиятҳои бадастомадаи соли сипаригашта. (Назаре танҳо ба медалҳои тилло).
Бокс. Мусобиқоти кушоди ҷумҳуриявӣ байни наврасони соли таваллудашон 1997-98, ки моҳи ноябр дар Хуҷанд доир гашт, ду нафар дар вазнҳои то 38 кг ва 36 кг ғолибият ба даст оварда, сазовори медали тилло гаштанд. Инҳо - Нурмуҳаммад Азизов ва Беҳрӯз Мардонов. Дар воқеъ, ду нафар боксчиёни ин диёр Наим Азизов ва Беҳрӯз Умарқулов аз 26 ноябр то 8 декабри соли 2012 дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон, ки дар Арманистон доир гашт, шарафи варзиши Тоҷикистони азизро ҳимоя намуданд.
Гӯштингирии тарзи озод. Боз як дастпарвари мактаби варзишии наврасону бачагон (МВНБ) Камол Бегаков моҳи ноябр дар шаҳри Кӯлоб дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои аввал ва соҳиби медали хурди тилло гашт (вазни 50 кг.).
Карате-До. Ин ҷо боз се тан дастпарварони МВНБ Ҳасан Турсунов, Камол Баротов ва Меҳрангез Ҳошимова (байни духтарон) дар вазнҳои худ ғолибият ба даст оварданд.
Бозиҳои варзишии ҷавонон (ҷумҳуриявӣ)
Беҳрӯз Умарқулов - бокс дар вазни 49 кг, Олим Нозиров - гӯштингирӣ, 50 кг. Фотима Боҳирова-футбол байни занҳо дар ҳайати дастаи Суғд ҷои аввалро соҳибӣ карда, медалҳои хурди тиллоӣ ба даст оварданд.
Аллакай дар моҳи январи соли ҷорӣ дар Конибодом бори аввал мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба самбо доир гашт, ки соҳибони майдон аз рӯи намуди самбои муҳорибавӣ байни дастаҳо ҷои якумро соҳибӣ карданд. Воқеан, вақти сӯҳбат самбочии шинохтаи ҷаҳон Усто Устопиров ба ҳунарнамоии паҳлавонони конибодомӣ баҳои баланд дод.
Хуллас, чунин комёбиҳо бисёранд ва ман метавонам онҳоро идома диҳам. Вале, сад афсӯс, ки аз сабаби хеле кам маблағ ҷудо шудан ба соҳаи варзиш аз буҷаи ноҳиявӣ варзишгарони конибодомӣ натавонистанд, ки боз дар чандин мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок кунанд. Дигар проблемаи ташвишовар ин дар соҳаи футбол (ҳам хурдсолон ва ҳам дастаи асосии шаҳр) наметавонанд, ки таи чандин солҳои охир дар мусобиқоти вилоятӣ ҷои намоёнро ишғол кунанд, дар ҳоле ки солҳои 90-ум футболи кандиён дар саросари Тоҷикистон машҳур гашта буд. Ҳоло чӣ?
Сабаби асосӣ боз ҷамоно маблағ…
Масалан, дар чемпионати вилоятии соли 2012 аз сабаби сари вақт дарёфт нашудани маблағ дас-таи асосии шаҳр натавонист, ки ба ду бозии сафарӣ сафарбар шавад. Вагарна яке аз ҷойҳои намоён дар ҷамъбаст насиби "Канд" мешуд. Худи каммасъулиятии футболбозон ҳам дар ҳар як бозӣ сабаби аз даст рафтани холҳои гаронбаҳо шуд. Футболбозони хурдсол бошад, дар ин ё он мусобиқоти вилоятӣ ақаллан иштирок карда натавонистанд. Умед ба он мебандем, ки пеш аз ҳама Федератсияи футболи шаҳр, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, алоқамандони варзиш дар Маҷлиси шаҳрии вакилони халқ аз ин камбудиву проблемаҳои ташвишовар беғаразона ба як хулосаи даркорӣ меоянд.
Дар мизи мудаввар бо гурӯҳи соҳибкорони ташаббускор, саховатпешаҳои олиҳиммат ва кормандони шӯъбаи молиявӣ бо ёрии онҳо баҳри ҳаллу фасли ин муаммоҳо маҳфили дӯстонае таъсис диҳанд, уран алонур мешуд, то ки сафи парчамбардорони пурифтихору медалистҳо аз ин диёри пурифтихори зодаи адибону олимони шинохта боз ҳам афзун гардад. Шояд роҳи ягонаи наҷот ҳам ҳамин бошад.
Алиҷон МАҲМУДОВ