Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ

7 январи соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ дар маркази Ҷамоати деҳоти Палдорак дар маросими ба истифодадиҳии майдончаи варзишӣ ширкат варзид.

Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои суҳбат бо сокинони маҳал таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои ба варзиш ҷалб намудани ҷавонон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, ба бунёди  иншооти варзишӣ ва фароҳамсозии шароити мусоид таваҷҷуҳи хоса зоҳир месозад. Таъкид карда шуд, ки танҳо дар соли 2019 бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва саҳмгузории соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 100 иншооти варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки “мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем”. Бо назардошти супориши мазкур роҳбарияти вилоят минбаъд ҳам барои бунёди иншооти варзишӣ ва оммавигардонии варзиш чораҷӯӣ хоҳад кард, - илова намуд Раиси вилоят.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ба соҳибкори инфиродӣ Саидмуқим Саидов, ки ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ майдончаи варзиширо бунёд намудааст, изҳори сипос намуда, аз наврасону ҷавонон даъват кард, ки  бо истифода аз шароити мавҷуда ба тарбияи ҷисмониву варзиш машғул шаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки корҳои сохтмону васлкунии иншооти варзишӣ аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ ба анҷом расонида шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh