"Равшан" Кўлоб - "Ал-Рамта" - 0 : 1

Санаи, 6-уми марти соли 2013-ум дар варзишгоҳи ба номи "20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва "Ал-Рамта"-и давлати Урдун мусобиқаи байналхалқӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми конфедератсияи футболи Осиё баргузор гардид.

Он бо дастгирии ҳамаҷонибаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар сатҳи хеле хуби ташкилӣ сурат гирифт. Раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Қоҳир Расулзода ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рус-тами Эмомалӣ чун мухлисони асили ин намуди варзиш рафти бозиро тамошо карданд.

Дар қисми аввал бо вуҷуди ҳамлаҳои тарафайн ҳисоб кушода нашуд. Қисми дуюми бозӣ пуршиддат ҷараён гирифт ва дар дақиқаи 67-ум футболбози дастаи "Ал-Рамта"-и Урдун Мусҳаб Муҳаммад Ёсин ал-Ҳамд ҳисобро кушод. Ҳамин тавр, бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи "Ал -Рамта" анҷом ёфт.

Пас аз анҷоми бозӣ барои хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Сармураббиёни дастаҳо Ғайраталӣ Мираҳмадов ("Равшан"-и Кӯлоб) ва Билол Ёсин Салим ал-Лаҳҳам (дастаи "Ал-Рамта") андешаҳояшонро доир ба баргузории мусобиқа баён намуданд.

Нодир ТУРСУНЗОДА

Add comment


Security code
Refresh