Варзишгоҳи муосир - мусоидат ба рушди варзиш ва солимӣ

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази Ҷамоати шаҳраки Бӯстон бо ҷараёни бунёди варзишгоҳи марказӣ аз наздик шинос гардид.

Зикр бояд дошт, ки  соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба ноҳия барои лоиҳакашӣ ва сохтмони як зумра иншооти иҷтимоӣ дастуру ҳидоят дода буданд.

Яке аз чунин иншооти иҷтимоӣ варзишгоҳи замонавӣ дар маркази ноҳия мебошад, ки он бо 10 000 ҷойи нишаст бунёд гардида истодааст. Лоиҳаи варзишгоҳ аз тарафи паҷӯҳишгоҳи лоиҳакашии «САНИИОСП» таҳия гардидааст. Барои бунёди варзишгоҳи марказӣ, тибқи нақша, 11 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ алҳол босуръат идома дорад.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, паймонкор ҶДММ “Сохтмон” - и ноҳия мебошад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ва масъулин бобати вусъати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург, дастрас намудани таҷҳизоти зарурӣ, обод намудани гирду атрофи он ва шинонидани ниҳолҳои ороишӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон, Раиси вилоят аз ҷараёни бунёди толори варзишии “Паҳлавонони Суғд” шиносоӣ пайдо намуда,  аз рафти корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Бояд гуфт, ки толори варзишӣ дар шафати варзишгоҳи марказӣ бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ сохта мешавад ва айни замон сохтмончиён машғули коранд.

Фармоишгари ин иншоот Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят буда, паймонкор ҶДММ “Фаррухрӯз” - и ноҳия мебошад.

Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ низ ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Бунёди ин иншооти варзишӣ имкон медиҳад, ки варзиш, бахусус намудҳои футбол, гуштини миллӣ ва бокс дар ноҳия рушд ёфта, дастовардҳои варзишгарони ноҳия афзун хоҳад гашт.

Мухтори АБДУЛЛО,

“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh