Бохт дар майдони худ

Санаи 12-уми марти соли 2013-ум дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки дастаҳои "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода ва "Ал-Риффа"-и Баҳрайн мусобиқаи байналхалқӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми AFC Конфедератсияи футболи Осиё баргузор гардид.

Он бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар сатҳи хеле хуби ташкилӣ сурат гирифт.

Дар қисми аввал ҳамлаҳои пай дар пай аз тарафи ҳарду даста тез-тез ба мушоҳида мерасид, Ҳамин буд, ки бозингари дастаи "Ал-Риффа"-и Баҳрайн таҳти рақами 9 Аҳмад-ал-Доунӣ дар дақиқаи 17-ум ҳисобро кушод. Ба ин нигоҳ накарда, дастаи "Регар-ТадАЗ" ҳамлаҳои пайдарпай кард, аммо бенатиҷа буд. Тӯби дуввумро низ Аҳмад-ал-Доунӣ дар дақиқаи 45-ум ба дарвозаи "Регар-ТадАЗ" зад.

Қисми аввали бозӣ ба фоидаи дастаи "Ал-Риффа"-и Баҳрайн бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт. Дар қисми дуввуми бозӣ бошад, боз ҳамин бозингар тӯби сеюмро дар дақиқаи 69-ум ба нишон расонд.

Ҳамин тавр, дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода дар даври дуюми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC- Конфедератсияи футболи Осиё аз тими "Ал-Риффа"-и Баҳрайн бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Пас аз анҷоми бозӣ бо иштироки сармураббиёни дастаҳо ва хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Сармураббии дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев ва сармураббии дастаи "Ал-Риффа"-и Баҳрайн Ҷемал Ҳаҷӣ андешаҳояшонро доир ба баргузории мусобиқа баён намуданд.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев гуфт, ки аз бозии имрӯзаи футболбозон қаноатманд нестам. Дар даста 4 нафар легионери ботаҷриба дорем, аммо сад афсӯс, ки нафаре аз онон маҳорати баланд нишон дода натавонист. Ҳамчунин, бояд қайд кунам, ки дастаи "Ал-Риффа"-и Баҳрайн яке аз беҳтарин даста ва пуртаҷриба ба ҳисоб меравад ва легионерҳои пуртаҷриба дорад.

Дар бозии дигари гурӯҳи "А" санаи 12-уми март дастаи "Қувайт"-и Кувайт дар майдони худ бо тими "Сафо"-и Лубнон рақобат кард. Дар ҳамин ҳол дастаҳои "Қувайт" ва "Ал-Риффа" бо 3 имтиёзӣ дар гурӯҳи "А" пешқадаманд. Вале тими "Қувайт" ҳамагӣ як бозӣ кардааст. Дастаҳои "Сафо" ва "Регар-ТадАЗ" 1 имтиёзӣ ба даст овардаанд.

Бозии даври сеюмро дастаи "Регар-ТадАЗ" рӯзи сешанбе, 2-юми апрел дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" бо тими "Қувайт"-и Қувайт анҷом медиҳад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон дар Ҷоми AFC - дастаи "Равшан"-и Кӯлоб 13-уми март дар сафар бо тими "Ал-Шорта"-и Сурия рақобат кард. Бинобар вазъи ноустувори сиёсӣ дар Сурия ин бозӣ дар майдони бетараф - дар шаҳри Аззаркаи Урдун, дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад баргузор шуд.

Нодир ТУРСУНЗОДА

Add comment


Security code
Refresh