ҲАВЗИ ШИНОВАРӢ: ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР!

Ҳанӯз соли 2011 Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Хурду калон барои бо шиноварӣ машғул шудан ва тарзи ҳаёти солимро пеш гирифтан ҳамарӯза ба ин мавзеъ меомаданд. Вале он солҳо маҷмаа ба таври муосир таъмир нашуда буд ва чанд муаммои ҳалталаб дошт.

 Дар суҳбати пешинаи худ директори маҷмаа Муҳайё Сулаймонова аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки ҳавзҳои шиноварӣ ба таъмир ниёз доранду боми маҷмааро аз нав бояд кард. Баробари ин масъалаи таъминот бо об низ нигаронкунанда буд. Барои огаҳӣ ёфтан аз вазъи кунунии ҳавзҳои шиноварӣ ва дар кадом сатҳ қарор доштани ҳолати онҳо ба маҷмаа равон шудем.

Дохили бино гарму равшан, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, толори истироҳату шиноварӣ ба таври замонавӣ таъмир шуда буд. Аз субҳ аллакай мизоҷон дар ҳавзи 50 - метра машғули шиноварӣ буданд. Ҳарорати об низ муътадил буд. - Имрӯз муаммоҳои пешина тамоман аз байн рафтааст, зеро соли 2017 маҷмаа пурра аз таъмири куллӣ баромад, алҳол ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст. Бо ибтикор ва дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври замонавӣ таъмир шуда, фаъолияти пурсамар дорад.

Имрӯз баҳри барқарор кардани фаъолият ва ҷалби мизоҷон корҳои зиёдеро ба сомон расонида истодаем. Аз ҷумла, безарар гардонидани оби ҳавзҳо дар мадди назари масъулин қарор дорад ва мутахассисон дараҷаи об ва чораҳои безараргардонии онро меомӯзанд, - гуфт маъмури маҷмаа Мунирахон Ортиқова. Маҷмаа дорои 3 ҳавз аст, ки дарозии яке 50 метр, дуюмӣ 25 метр ва ҳавзи иловагӣ барои кӯдакон амал мекунад. Имрӯз ба маҷмааи мазкур мизоҷони зиёде меоянд, ки аксарият аз синни 7 то 50 - 60 сола ҳастанд. Дар маҷмаа ду ҳуҷраи либосивазкунӣ мавҷуд аст. Дар таҳхона толори бозиҳои шавқовари кӯдакона «Лимпопо» амал мекунад, ки то аз шиноварӣ баромадани падару модар ва ё дигар наздикон кӯдакон дар он ҷо ба бозӣ машғул мешаванд.

Дар толори дуюм толори варзиши сабук мавҷуд буда, барои нафароне, ки варзишро дӯст медоранду вазни изофагӣ доранд, муқаррар шудааст. Рӯзҳои чоршанбею шанбе занон ва дигар рӯзҳо мардон ба шиноварӣ меоянд. Баробари ин дар ин ҷо 4 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 2 мусобиқаи байналмилалӣ ва чанд мусобиқаи вилоятӣ гузаронида шуданд. Боиси қайд аст, ки имрӯз талаботи сокинон нисбат ба шиноварӣ афзуда, аксарият ҳамроҳи падару модар ва фарзандонашон меоянд. Аслан, шиноварӣ барои инсон фоидаовар буда, дар ин бобат духтури амрози дарунӣ Хайрулло Файзуллоев чунин гуфт: - Шиноварӣ барои табобати бемориҳои асаб, сутунмуҳра, ҷамъшавии намак дар гардан, миён, умуман барои тамоми мушакҳои инсон фоидаи калон дорад.

Ҳамчунин, барои нафароне, ки бемории фишорбаландӣ ва вазни изофагӣ доранд, шиноварӣ тавсия дода мешавад. Мо ба аксар бемороне, ки бо нишонаҳои зикршуда муроҷиат мекунанд, бо шиноварӣ машғул шуданро маслиҳат медиҳем. Бино ба гуфти беморон шиноварӣ барои барқарор кардани солимии тани инсон таъсири хуб мерасонад. - Аз соли аввали фаъолияти ҳавзи шиноварӣ барои обутоби бадан ва барқарор кардани саломатии худ дар маҷмаа бо шиноварӣ машғул ҳастам. Ростӣ, солҳои пеш шароит то ба андозае хуб набуд. Ҳарчанд он вақтҳо низ меомадам, вале имрӯз, пас аз таъмир маҷмаа тамоман ранги дигар гирифтааст. Сабаби ба шиноварӣ омаданам аз бемории асаб раҳо ёфтан аст. Барои кӯдакон низ шароит хуб шудааст ва акнун бе муаммо фарзандонамро ҳамроҳ меорам, то дар фасли сармо низ бо шиноварӣ машғул шаванд, - мегӯяд мизоҷи доимии маҷмаа Шарифа Комилова. - Чанд сол инҷониб аз дарди сутунмуҳра, дил ва меъда азият мекашам.

Табибон тавсия доданд, ки ба шиноварӣ равам. Синнам аз 60 боло аст тариқи шино кардан ба тамоми дардҳоям даво ёфтам. Шароит то таъмир, алалхусус дар фасли сармо ба талабот ҷавобгӯ набуд. Вақте маҷмаа аз таъмири куллӣ баромад, нисбат ба солҳои пешин хеле беҳтар гардидааст. Ҳоло ҳафтае як маротиба ба ин ҷо омада, саломатиамро барқарор мекунам, - мегӯяд Мирзоқодир Амаков. Бояд қайд кард, ки барои маъюбони хурдсолу калонсол маҷмаа хизматрасонии ройгонро пешбинӣ кардааст.

Алҳол се нафар маъюб ба ҳавзи шиноварӣ омада, ройгон саломатиашонро барқарор менамоянд. Барои нафароне, ки шино карда наметавонанд, машғулиятҳои гуногун аз тарафи мураббияҳо Муҳаббат Мамадова, Рафаэл Вахиладзе, Родин Вячеслав ва Музаффар Шодиев гузаронида мешаванд. Шахс метавонад дар давоми якчанд рӯз шиновариро аз худ кунад.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh