Ҷамъбасти фаъолияти федератсияи футболи вилоят

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи Федератсияи футболи вилоят оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2012 баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Федератсияи футболи вилоят, Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки дар миқёси вилоят соли 2012-ум дар 40 мактаби варзишии бачагону наврасони вилоят 27 шӯъба оид ба футбол амал менамуд, ки дар маҷмӯъ 213 гурӯҳро дарбар мегирад. Дар онҳо 2069 нафар варзишгарон ва аз ин миқдор 62 нафар духтарон бо 88 нафар мураббиён аз рӯи намуди футбол машқ менамоянд.

Дар натиҷа, соли 2012 605 нафар варзишгарони хурдсол меъёри дараҷаи оммавӣ, 18 нафар дараҷаи I варзишӣ, 22 нафар дараҷаи номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи намуди футбол иҷро намудаанд. Ҳамчунин Раиси Федератсияи футболи вилоят, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар мавриди иштироки дастаҳо дар лигаи олӣ сухан ронда, зикр намуд, ки дар соли равон дастаҳои футболи вилоят бояд ҷойҳои намоёнро ишғол намоянд.

-Боварӣ дорам, ки мутахассисони соҳаи футбол аз камбудиву норасоиҳо хулосаҳои зарурӣ бароварда, бобати таъмини оммавияти варзиш, афзун намудани шавқу рағбати мухлисони бозии футбол, тарбияи наврасон дар рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ тавассути ҷалби онҳо ба чорабиниҳо мусоидат менамоянд, - изҳор дошт Раиси Федератсияи футболи вилоят, Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода.

Дар ҷаласа инчунин зикр гардид, ки талаботи ҷавонону наврасон ба намуди варзишии футбол, махсусан ба сексияҳои варзишӣ сол аз сол зиёд мегардад. Аз ин лиҳоз, дар назди Федератсияи футболи вилоят ва роҳбарони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо вазифа гузошта шуд,ки иштироки ҳарчӣ бештари ҷавонону наврасонро дар дастаи мунтахаби шаҳру ноҳияҳо дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ таъмин намуда, варзишгарони дараҷадорро омода ва тарбия намоянд.

Хадамоти мабуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh