ҲАДАФ - БАЛАНД БАРДОШТАНИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН

Яке аз омилҳои асосии тарзи ҳаёти солим ин пайваста ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул будан аст. Саломатии миллат аз солимии ҷомеа сарчашма мегирад. Дар ҳамин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешрафти соҳаи варзиш кӯшишҳои ҳамаҷониба дорад. Зиёд шудани теъдоди майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ далели ин гуфтаҳост.

Дар ин замина, хостем, аз шароити машқу тамрини варзишгарон дар Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии вилояти Суғд» огоҳ шавем.

Бино ба иттилои директори муассиса Давронхон Алихонов, имрӯз ҷавонон ва наврасон пайваста ба варзиш машғуланд. Барои тамрини онҳо дар муассисаи варзишӣ ҳама шароитҳои зарурӣ муҳайёст. Айни замон дар 25 гурӯҳ ба беш аз 263 варзишгар 13 мураббии соҳибтаҷриба нозукиҳои 16 навъи варзишро меомӯзониданд.

Мавсуф илова намуд, ки давоми се - чор моҳи гузашта бо дастгириҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода онҳо тавонистанд, ҳафт навъи варзиши намуди олимпиро ҷорӣ намоянд, ки асоситаринашон намудҳои гӯштини тарзи озод, юнонӣ - румӣ, дзюдо, тенниси рӯи миз, тенниси калон, бадминтон ва бокс ба ҳисоб мераванд. Аснои шиносоӣ маълум гардид, ки масъулини муассиса нисбат ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят дар даври тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020” бетараф нестанд.

- Толори машқу тамрин дар сардии зимистон гарм нигоҳ дошта мешавад. Зеро барои варзишгар, пеш аз ҳама, шароит фароҳам овардан зарур аст, ки бо либоси сабуки варзишӣ тамрин намояд, - мегӯянд масъулин.

Ҳамчунин, ҷой барои либосивазкунӣ ва ҳаммом бо ҳама шароитҳои муосир муҷаҳҳаз буда, дар рӯзҳои наздик як толори барҳавои дигари вазнбардорӣ ба истифода дода мешавад.

Д. Алихонов худ варзишгар буда, баҳри пешрафти соҳаи варзиш ҳамеша ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин муассиса барои варзишгарон шароити хуби тамринро муҳайё намудааст. Мавсуф бо дастгириҳои бевоситаи Раиси вилояти Суғд дар самти шиноварӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида, дар рӯзҳои наздик барои варзишгарон ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраи либосивазкунӣ ва дигар ҳуҷраҳои заруриро муҳайё месозад.

Имрӯз ҷавонону наврасони синни аз 6 - сола боло метавонанд, дар намуди варзиши сабук, аз ҷумла гимнастика ба машқу тамрин фарогир шаванд.

Фаъолияти муассиса доманадор буда, айни замон дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Бӯстон, Гулистон, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ дастпарварони ин мактаби варзишӣ бо варзишгарон машғули машқу тамринанд.

Дар идомаи суҳбат Д. Алихонов зикр дошт, ки яке аз ҳадафҳои асосии мактаби варзишӣ тайёр намудани варзишгарони ботаҷриба мебошад. Давоми соли сипаришуда бо кӯшишҳои ҳаматарафаи устодони риштаи варзиш нисбат ба соли пешин дастовардҳо зиёд гардидааст. Агар соли 2018 варзишгарон ба хазинаи мактаб 120 медал ворид намуда бошанд, пас соли 2019 ин адад ба 213 расидааст.

Ин шаҳодати он аст, ки имрӯз бо дастгириву ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат ва Раиси вилоят мушкилиҳои ҷойдошта ҳал шуда истодаанд. Хурсандиовар аст, ки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, нуфузи кишварамонро боло мебардоранд. Ин аст, ки соли сипарӣ дар ҳашт мусобиқаи сатҳи бонуфуз иштирок намуда, сазовори 12 медал, аз ҷумла 5 медали тилло гардиданд.

Гуфтан зарур аст, ки имрӯз устодони риштаи бокс шогирдони худро дар беҳтарин шароит ба тамрин ҷалб намудаанд, ки натиҷаи он Чемпиони Осиё гардидани Абдураҳим Ёқубов дар вазни 54 килограмм мебошад.

Устодон ва варзишгарони ин мактаб ҷидду ҷаҳд доранд, то дар соли 2020 ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Дар ин замина онҳо пайваста машқу тамринҳоро ба роҳ монда, маҳорати варзишии худро боло бурда истодаанд. Яке аз ҳадафҳои асосӣ ин иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh