Барои рушди футбол дар деҳа чӣ намерасад?!

Якшанбеи сипаришуда дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чемпионати 9-уми деҳот оид ба футбол байни маҳаллаҳо ҷамъбаст гардид. Дар бозии финалӣ ду даста - "Офарин" ва "Қалъача" барои гирифтани ҷои якум қувва озмуданд.

Бино ба гуфти раиси ҷамоати деҳоти мазкур Ғайратҷон Гадойбоев мусобиқаи анъанавии футбол 11 сол муқаддам аз ҷониби сокини деҳа Олимҷон Ҷалолов асос гузошта, минбаъд он давом ёфта, ҳамасола санаи 2 март оғоз шуда, бозиҳои финалӣ дар рӯзҳои иди Наврӯз баргузор мегардад.

-Соли равон низ ин анъана идома ёфт,- изҳор дошт масъули мусобиқа Муродҷон Ҷумъаев, - вале муаммои ҷудо кардани замин барои сохтмони стадион ҳеҷ не ки ҳалли худро ёбад.

Тавре аз сӯҳбат бо сокинон маълум гардид, соли 2011 дар мусобиқаи анъанавии футбол роҳбарияти ноҳия иштирок карда, қавл дода буданд, ки масъалаи ҷудо кардани заминро барои варзишгоҳ ҳал мекунанд. Соли 2012-ум низ роҳбарияти ноҳия иштирок карда, барои сохтмони варзишгоҳ тариқи маблағ кӯмак мекунад. Аммо аз чӣ бошад, ки масъала то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

-Дар мо шахсони саховатманд бисёранд,- гуфтанд раиси ҷамоати деҳа Ғайратҷон Гадойбоев ва намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси вилоятӣ Абдунабӣ Бобоев,- заминро ҷудо кунанд, фикр мекунем, ки хайрхоҳон пайдо мешаванд. Албатта, бе дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ корҳои сохтмониро иҷро кардан амри маҳол аст…

Зимни сӯҳбат мухлисону масъулон арз карданд, ки тӯли ин солҳо мусобиқаи варзишӣ дар ҷое мегузарад, ки мавзеи баҳси сарҳадӣ аст. Бародарони қирғиз на як бору ду бор бо баҳонаи он, ки "гӯё ин мавзеъ ба онҳо тааллуқ дошта бошад" ба рафти баргузории мусобиқа халал мерасонанд.

Субҳи рӯзи якшанбе низ як нафар аз сокини Ҷамоати "Қулундӣ"-и ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон мошини пури сангро оварда хост, дар варзишгоҳ резад. Масъулон бохабар шуда, пеши ин корро гирифтанд. Вай иддао дошт, ки гӯё ҷамоати деҳааш ин мавзеъро барои сохтмони участкаи наздиҳавлигиаш дода бошад.

-Ин мавзеъ ва заминҳояш дар баҳси сарҳадӣ аст,- гуфт Абдунабӣ Бобоев,- мувофиқи қонун то мавзеи баҳснок ҳалли қонуниашро наёбад, ягон сохтмон ё ворид кардани дигаргунӣ қатъиян манъ аст…

Хуллас, он рӯз мусобиқа ба мушкиливу муаммоҳо нигоҳ накарда оғоз шуд. Аз лаҳзаҳои аввалини бозӣ бартарияти дастаи "Офарин" (сардори даста Т.Ҷалолов) ҳис карда мешуд. Маълум гардид, ки аъзои даста дар бозии футбол таҷрибаи калон доранд.

Бозингарони дастаи "Қалъача" (сардори даста Б.Ҳоҷибоев) низ мекӯшиданд, ғалаба ба даст оранд. Дар ниҳоят бо ҳисоби 2 бар 1 дас-таи "Офарин" ғалаба карда, соҳиби мақоми аввал шуд. Ҷойҳои дуюм ва сеюм насиби дастаҳои "Қалъача" ва "Спартак" гардид. Ба ғолибон ҷом, ба бозингарони дастаҳо, ҳамчунин ба собиқадорони футбол, тамошобинони калонсол ва мухлисони беҳтарин мукофотҳои хотиравӣ тақдим гардиданд. Онро раиси федератсияи футболи деҳа, намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси вилоятӣ Абдунабӣ Бобоев, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии МИҲД-и ноҳия Олимҷон Зоҳидов ва раиси ҷамоати деҳа Ғайратҷон Гадойбоев тақдим карданд.

Абдунабӣ Бобоев изҳори хурсандӣ кард, ки дар деҳаи Овчиқалъача бо вуҷуди мушкилиҳо варзиш, хусусан футбол рушд меёбад. Далели ин гуфтаҳо баргузории чемпионати анъанавии футбол аст.

Вале бино ба маълумотҳо, соли равон ба ҷои 10 даста дар мусобиқа 8-то иштирок карданд. Гумон мекунем, ки ҳаллу фасл нагардидани масъалаи замин барои варзишгоҳ дар деҳа низ ба камшавии теъдоди иштирокчиён сабабгор аст.

Пас месазад, ки ин муамморо масъулин ҳал намоянд, зеро рушди варзиш дар деҳот аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат буда, дар ин самт борҳо роҳбаронро огоҳ месозад, доир ба ин масъала чораҷӯӣ кунанд. Муҳим аз ҳама дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача дӯстдорон ва ихлосмандони футбол зиёданд.

Абдуғафур АМИНЗОДА Дар сурат: Абдунабӣ Бобоев ба ғолибон ҷомро месупорад

Add comment


Security code
Refresh