Мағлубияти навбатии "Регар ТадАЗ"
- Details
- Published on Thursday, 04 April 2013 18:57
Санаи 2-юми апрели соли равон дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолият"-и шаҳри Хуҷанд бозии навбатии Ҷоми байналхалқии конфедератсияи футболи Осиё баргузор гардид. Дастаи "Регар ТадАЗ"-и Тоҷикистон бо дастаи "Қувайт"-и кишвари Қувайт рақобат намуд. Дастаи "Регар ТадАЗ" дар гурӯҳи "Д" то ба имрӯз бо 1 хол дар ҷои охир қарор дошт.
Аз ин лиҳоз бозии мазкур барои даста ҳалкунанда ба ҳисоб мерафт, ки ин боиси тезутунд ва шавқовар гаштани бозӣ гардид. Футболбозони дастаи "Регар-ТадАЗ" дар оғози бозӣ тавонистанд, дар назди дарвозаи ҳарифашон якчанд вазъияти хавфнокро ба амал оранд, аммо аз ин ҳолатҳо самаранок истифода бурда натавонистанд. Меҳмонон низ дар навбати худ, дар майдони ҷаримавии дастаи "Регар-ТадАЗ" ҳолатҳои хавфнокро ба амал оварданд. Дар дақиқаи чордаҳуми бозӣ яке аз чунин ҳуҷумҳои меҳмонон бо гол анҷом ёфт, ки муаллифи он бозингари рақами 17 Исам Ҷамаа гардид. Бозингарони дастаи "Регар ТадАЗ" аз ҳолати баамал-омада рӯҳафтода нашуда, ба дарвоза ҳарифашон пайваста ҳуҷум карданд.
Новобаста аз ин то охири қисми якуми бозӣ ҳисоб тағйир наёфт. Дар қисми дуюми бозӣ низ бозингарони дастаи "Регар-ТадАЗ" фаъолнокиро аз даст надода, барои тағйир додани ҳисоб кӯшиши зиёд намуданд. Сармураббии даста Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев барои ҷоннок намудани бозӣ якчанд бозингаронро иваз намуд. Новобаста аз чунин тағйирот футболбозони даста натавонистанд, ба дарвозаи ҳариф тӯб зананд.
Дар дақиқаи 68-ум бозингари дастаи "SC Kғwait" Исам Ҷамаа бори дигар тӯбро ба ҳадаф расонида, ҳисобро 2:0 намуд. Дар дақиқаҳои боқимондаи бозӣ меҳмонон тавонистанд, ба дарвозаи "Регар ТадАЗ" як голи дигар зананд.
Довари марказӣ дар ин бозӣ Во Минте (аз Ветнам) пас аз ба анҷом расидани вақти асосӣ дар қисми дуюми бозӣ боз 4 дақиқа илова намуд. Дар дақиқаи иловашуда бозингари дас-таи "Регар-ТадАЗ" таҳти рақами 20 Фирӯз Аҳмадов тавонист, ба дарвозаи ҳариф як тӯб занад. Ҳамин тавр бозӣ бо ҳисоби се бар як ба фоидаи дастаи "SC Kғwait" анҷом ёфт.
Бояд қайд кард, ки бозии мазкур бо дастгирии бевоситаи МИҲД-и вилоят дар сатҳи баланд баргузор гардид. Новобаста аз натиҷаи бозӣ дастаи "Регар-ТадАЗ" тавонист, ба ҳарифи пурзӯри худ муқобилияти арзанда нишон диҳад.
Нодир ТУРСУНОВ