Қувваҳо баробар буданд
- Details
- Published on Tuesday, 09 April 2013 14:54
6 апрел Чемпионати ХХ11 Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ оғоз ёфт. Дар чемпионати имсола 11 даста иштирок дорад. Футболбозони дастаи "Парвоз"-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров дар майдони худ дар вохӯрии аввалини мавсими нав бо дастаи ССКА "Помир" (Душанбе) қувва озмуданд.
Бозӣ аз оғоз то анҷом бо ҳуҷумҳои тарафайн гузашта бошад ҳам, кушодани ҳисоб ба бозингарон муяссар нагардид. Ҳамин тавр, бозӣ мусовӣ ба охир расид ва ҳарду даста соҳиби якхолӣ шуданд.
Он рӯз дастаи "Хуҷанд" (Хуҷанд) дар сафар, бо дастаи "Регар" Тад-АЗ (Турсунзода) бозӣ кард. Футболбозони хуҷандӣ бозиро ба соҳибони майдон бо ҳисоби 0:1 бохтанд.
Дастаи дигари вилоят - "Истаравшан" (Истаравшан) 7 апрел вохӯрии нахустини мавсими имсоларо дар сафар бо дастаи "Энергетик" (Душанбе) гузаронд. Ин бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфта, ҳарду даста соҳиби якхолӣ гаштанд.
Натиҷаи бозии дастаҳои дигар чунинанд: "Истиқлол"-"Вахш" -0:0, "Хайр" - "Панҷшер"- 2:0. Дастаи "Равшан" (Кӯлоб) дар даври якум аз бозӣ озод буд. Вохӯриҳои даври дуюми чемпионат рӯзҳои 13-14 апрел баргузор мешаванд. Дастаи "Хуҷанд" 13 апрел дар майдони худ дастаи "Парвоз"-ро қабул менамояд. Бозии дастаи "Истаравшан" бо "Регар" - ТадАЗ ба вақти дигар гузаронида шудааст.
Маҳмудҷон ҲУСЕЙНЗОДА,
шореҳи варзишии "Ҳақиқати Суғд"