Ҷаббор РАСУЛОВ: Тими футбол кай таъсис меёбад?

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 - 2021» қабул гардидааст. Мақсад аз қабули барномаи мазкур тарғибу ташвиқи он дар байни аҳолӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулият бо футбол, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани иншооти марбут ба футбол, пайдо намудани истеъдодҳо дар байни наврасону ҷавонон барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҳамин тариқ, гузоштани заминаи мусоид барои рушди футболи касбӣ ва мукаммалгардонии фаъолияти мураббиёну доварони ин намуди варзиш мебошад. Яке аз самтҳои муҳими барнома ба рушди футболи ҷавонону наврасон нигаронида шудааст, ки маҷмӯи тадбирҳои афзалиятнокро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муайян менамояд.

Дар ҳамин замина бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар, махсусан дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд теъдоди майдончаҳо ва варзишгоҳҳои замонавӣ афзуда, ҷавонону наврасон пайваста ба футбол машғуланд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ҷиҳати оммавӣ гардонидани соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол дар ноҳияи Ҷаббор Расулов теъдоди майдончаҳои хурди варзишӣ меафзояд. Бино ба иттилои мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Маъмур Маъруфзода, айни замон теъдоди майдончаҳои варзишӣ беш аз 40 адад буда, қисми зиёдашон майдончаҳои хурди футболанд.

- Давоми ду моҳи аввали соли равон бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ як майдончаи сунъии болопӯшида барои бозии футбол мавриди истифода қарор гирифт, ки ҷавонони ноҳия дар ин майдон ба бозии футбол машғул мебошанд. Тавре маълум аст, «варзиш ин гарави саломатист». Чӣ қадаре ки ба рушди ин соҳа шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар ҷавононро аз амалҳои номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, шомил гардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва дигарҳо наҷот мебахшем, - илова намуд М. Маъруфзода.

Ҳангоми боздид аён гардид, ки майдончаи замонавӣ бо беҳтарин шароит ба истифода супурда шудааст, дорои ҷойи нишаст ва ивазкунии либос, ҳаммом мебошад. Дӯстдорони намуди варзиши футбол дар ин ҷо новобаста аз боридани барфу борон ва сардии ҳаво ба бозӣ машғул мешаванд.

Яке аз масъалаҳое, ки дар ҷаласаи навбатии назди Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода санаи 15 - уми феврали соли равон баррасӣ гардид, ин таъсис додани дастаи футболи ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Спитамен ва Деваштич буд.

Дар кори ҷаласа Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин, аз ҷумла ба раисони ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Айнӣ ва Деваштич бобати таъсис додани дастаи футбол, муҳайё намудани шароити мутобиқ ба талаботи замон дар варзишгоҳҳо ва майдончаҳои варзишӣ ва рушди ин намуди варзиш дастуру супориш дода буд.

Дар ин замина имрӯз барои таъсиси тими футбол дар ноҳияи Ҷаббор Расулов масъулон кӯшиш намуда истодаанд. Дар ноҳия ду варзишгоҳ - яке бо 500 ва дигаре бо 3 ҳазор ҷойи нишаст мавҷуд аст. Барои ба талабот ҷавобгӯй намудани ин варзишгоҳҳо масъулин корҳои заруриро ба роҳ мондаанд.

Агар ба гузаштаи начандон дур назар афканем, маълум мегардад, ки дар ноҳия тими мунтахаби футбол фаъолият дошт. Аммо бо сабабҳои гуногун ин фаъолият дер давом накард. Тибқи маълумоти интернетӣ, тими ноҳиявӣ, ки бо номи «Пахтакор» ноҳияро муаррифӣ менамуд, дар финали Ҷоми Тоҷикистон соли 1995 бар муқобили дастаи «Регар - ТадАЗ» - и шаҳри Турсунзода ба майдон баромада, бо ҳисоби 3 - 2 ғолиб омада, соҳиби ҷом ва медали тилло гардидааст.

Ҳамчунин, аз рӯи маълумоти бадастомада, соли 2015 дар лигаи дуюми вилоятӣ дастаи «Ҷавонӣ» - и ноҳияи Ҷаббор Расулов дар мусобиқаҳо ширкат намудааст, ки натиҷаҳои бозиҳояш ғайриқаноатбахш буд. Соли 2016 дар лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон дастаи «Пахтакор» - и ноҳия дар мақоми сеюм қарор дошт.

 М. Маъруфзода қайд намуд, ки имрӯз дар ноҳия варзишгарони зиёде ҳастанд, ки махсус бо варзиши футбол тамрин доранд. Мухлисони футбол ва соҳибкорони ноҳия низ бобати дастгирии молиявӣ дар самти рушди футбол бетараф нестанд.

Баҳри таъсиси тими футболи ноҳия имрӯз ҳама корҳо аз рӯи нақша идома дорад ва ҳамчунин дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ смета тасдиқ шудааст. Умед дорем, ки дар марҳалаи навбати нави футбол дар кишвар дастаи мунтахаби ноҳия низ баромад хоҳад кард.

Бино ба иттилои масъулини соҳа, дастпарварон ва футболбозони ноҳия дар дохил ва хориҷи кишвар қувваозмоӣ карда истодаанд. Масалан, дарвозабони тими наврасони кишвар Шохрух Қирғизбоев дастпарвари мактаби футболи ноҳия мебошад. Ҳамчунин, чандин дастпарварони ноҳия дар тимҳои Хуҷанд низ ҳунарнамоӣ кардаанд ва то ҳол давом дода истодаанд.

Умуман, дар самти тайёр ва омода намудани футболбозони соҳибтаҷриба дар ноҳия мактаби махсус барои омода намудани варзишгарон дар самти футбол фаъолияти назаррас дорад.

Ҳадафи асосии барномаҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти варзиш ва футбол ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзиш, рушди минбаъдаи футбол ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулияти аҳолӣ бо бозии футбол равона шудааст. Инчунин, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба ин намуди дӯстдоштаи мардум мебошад.

Бо ин роҳ ҳам соҳаи футбол дар кишвар рушду нумуъ ёфта, дастаҳои тими миллии кишвар дар бозиҳои байналхалқӣ иштирок намуда, шарафи Тоҷикистонро ҳимоя менамоянд. Ҳамчунин, ҷавонону наврасон ба футбол машғул шуда, худро ҳамеша бардаму солим ҳис карда, муҳимаш, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ҷалб намешаванд ва ба корҳои беҳудаю ҷинояткорӣ даст намезананд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh