Қадршиносии варзишгарон ва собиқадорони соҳа

Бо ибтикори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои дастовардҳои шоиста дар мусобиқаҳои мухталиф ва саҳмгузорӣ дар рушди солимии ҷомеа беш аз 130 нафар варзишгар, мураббиҳо ва собиқадорони соҳаи варзиш қадршиносӣ гардиданд.

Эътибор ба соҳаи варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҳсуб меёбад.

Дар ин замина санаи 10 – апрели соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими мутантани супурдани Стипендияи Раиси вилоят ва қадршиносии варзишгарону собиқадорони соҳа баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардаанд, Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад.

Воқеан ҳам баҳри тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсонпарварӣ, ватандӯстию шуҷоатмандӣ ба таҷдиди инфрасохтори соҳаи варзиш ва бунёди иншооти нав, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, марказҳои ҷавонон, боғҳои фароғатию фарҳангӣ, гулгаштҳо ва иншооти варзишӣ афзалият дода шудааст. Дар ин раванд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят варзишгарони вилоят сол аз сол бештар ба дастовардҳои шоиста сазовор мегарданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз дастовардҳои варзишгарони вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулин дастур дод, ки дар ин давраи ҳассос баҳри амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, аз ҷумла дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар сатҳи вилоят мусобиқаю чорабиниҳои варзишии оммавӣ гузаронида шаванд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2019 варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои мухталифи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, шарафи вилоят ва ҷумҳуриро ҳимоя намуданд. Чунончӣ, варзишгарони вилоят наздик дар 150 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Инчунин, ҳайати бузурги варзишгарони вилоят, аз ҷумла бонувон дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори мақомҳои ифтихорӣ гаштанд.

Ҳамзамон, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бобати муҳайё намудани шароит барои варзишгарон дар қаламрави вилоят, вусъати бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, таъкид намуд, ки алҳол дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва таъмиру тармими иншооти варзишӣ вусъат мегирад, ки ба рушди соҳаи варзиш ва таъмини солимии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Дар вазъияти тантанавӣ ба 130 нафар варзишгар Стипендияи Раиси вилоят, Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.

Хабарнигори

“Ҳақиқати Суғд”


 

Add comment


Security code
Refresh