Бохти дуюми "Равшан" аз "Ал -Қудсия" бо ҳисоби 1:3
- Details
- Published on Thursday, 11 April 2013 14:26
Дастаи "Равшан"-и Кўлоб дар даври чоруми мусобиқаи гурўҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) 9-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд аз тими "Ал - Қудсия"-и Қувайт бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Ин бозии гурӯҳи "D" миёни дастаи "Равшан", қаҳрамони феълии Тоҷикистон ва тими "Ал -Қудсия", қаҳрамони 15-каратаи Қувайт, дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" бо ҳузури 4 ҳазор нафар мухлисон баргузор шуд.
Дар дақиқаи 2-юми бозӣ Течи Саламон, легионери африқоии "Равшан", ҳисобро боз кард. Воқеан, ин голи аввалини "Равшан" дар ин мусобиқа ба шумор меравад. Баъди 17 дақиқа голи ҷавобиро бозингари меҳмонон Фаҳт Ал-Иброҳим ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи 43-юм Бадер Ал -Мутва, ҳамлагари қувайтиҳо голи дуввуми дастаашро зад.
Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:2 анҷом ёфт. Дар нимаи дуввум, дар дақиқаи 58-ум боз тӯбро Бадер Ал -Мутва вориди дарвозаи мизбонон кард. Дарвоқеъ, Бадер Ал -Мутва дар ду бозӣ ба дарвозаи "Равшан" 4 гол задааст.
Алиҷон ОЛИМОВ