Варзиш-гарави сабзиш

Бо шарофати истиқлолият соҳаи варзиш рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Расул Боқиев, Дилшод Назаров, Ҷаҳон Қурбонов, Мавзуна Чориева дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ соҳиби медалҳои тиллову биринҷӣ гаштаанд. Пайравони онҳо сол то сол зиёд мешаванд.

Ба гуфти устоди ҷанги дастӣ ва каратэ Фарҳод Аҳмадҷонов, имрӯз аз ҷониби Раиси вилоят Қоҳир Расулзода соҳаи варзиш хеле дастгирӣ меёбад. Ин аст, ки дар вилоят сохтмони маҷмааҳои варзишӣ бовусъат идома дорад.

Раиси федератсияи муҳорибаҳои дастӣ ва каратэи анъанавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Аҳмадҷонов яке аз мураббиҳои соҳибтаҷриба дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият» барои шогирдон оид ба варзиши муҳорибаҳои дастӣ дарс меомӯзад.

Ин федератсияи ҷумҳуриявӣ буда, соли 2004 таъсис ёфтааст. Намояндагони он дар вилоят - дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Конибодом, Ашт, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Зафаробод фаъолият доранд.

Инчунин дар шаҳрҳои Душанбе, Хатлон, ноҳияи Рӯдакӣ низ мавҷуданд. Дар нақша ҳаст, ки намояндагии ин федератсия дар шаҳрҳои Турсунзода ва Хоруғ низ фаъолият намояд. Алҳол дар шаҳри Хуҷанд 4 гурӯҳ амал карда, тахминан 600 нафар даст-парварон машқ мекунанд. Дар вилоят бошад наздик 1400 нафар. Дар варзишгоҳ 4 нафар мураббиён-номзади Устоди варзиш Зариф Қӯзиев, Расул Муҳаммадов, Илҳом Самадов, Яҳё Усмонов ва ҳам Фарҳод Аҳмадҷонов кору фаъолият доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 ба узвияти федератсияи байналхалқӣ расман пазируфта шуд. Варзишгарони тоҷик ба шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон соли 2002 ба чемпионати ҷаҳон, Остонаи Қазоқистон соли 2009 ба чемпионати Осиё, Деҳлии Ҳиндустон соли 2012 ба Ҷоми ҷаҳон, шаҳри Москав соли 2011 ба чемпионати ҷаҳон сафар намудаанд. Ба ин намуди варзиш аз 8-солагӣ машғул шудан мумкин аст. Инчунин барои солим нигаҳ доштани худ шахсони то 40-сола низ машқ мекунанд.

Дастпарварони ин федератсия, ки шарафи ҷумҳуриро ҳимоя менамоянд, аз ҷумла Расул Муҳаммадов-чемпиони секаратаи ҷумҳуриявӣ, инчунин мураббӣ ва варзишгар Яҳё Усмонов-чемпиони ҷумҳурӣ, соҳиби ҷои дуюм дар ҷаҳон, сеюм дар Осиё, ҷои сеюм дар Ҷоми ҷаҳон ва дигарон мебошанд.

Дар нақша ҳаст, ки аз 18-ум то 21-уми апрел бо иштироки намояндагони 35 давлат дар шаҳри Маскав чемпионати ҷаҳон оид ба ин намуди варзиш доир гардад. Намояндагони кишвари мо аз вазни 55 то 90 килограмм Абдукарим Қӯзиев, Далер Каримов, Осимбек Муҳамбеков, Шӯҳрат Дадобоев, Ботир Атобоев, Абдуяқин Абдуллоев ва як нафар духтар ҷоизадори мусобиқаи Осиёи Марказӣ дар соли 2011 Мадина Солиева маҳорати худро дар назди ҷаҳониён нишон хоҳанд дод. Барои дастгирӣ низ як мураббӣ-Зариф Қӯзиев ва Фарҳод Аҳмадҷонов ширкат меварзанд.

Инчунин чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Волгодонски Федератсияи Русия байни наврасони 14-15 ва 16-17-сола аз санаи 2-юм то 5-уми май баргузор мегардад.

Маблағи сафари варзишгаронро сарпараст, директори мактаби варзишии бачагону наврасон Манижа Қосимова бар ӯҳда гирифтааст. Умед дорем, ки намояндагони ин навъи варзиш дар арсаи байналхалқӣ парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд.

Абдуҳаким ОЧИЛОВ

Add comment


Security code
Refresh