Рушди УШУ-и Тоҷикистон

Таи ду рӯз дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳрӣ оид ба ушу дар комплекси варзишии ҷашнӣ баргузор гардид. Варзишгарон аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров, Ашт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Сардори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ба варзишгарон комёбӣ таманно кард.

Сипас, меҳмонон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, тренер Мяо Лаоши иштирокчиёни мусобиқаро табрик гуфт. ӯ бори дигар таъкид сохт, ки ушу дар Тоҷикистон торафт ривоҷу равнақ ёфта истодааст ва дар ояндаи наздик варзишгарони тоҷик дар ин намуди варзиш шарафи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ боло хоҳанд бардошт.

Бояд қайд намуд, ки дар ин чорабинӣ ҳамчунин Президенти Федератсияи ушуи Тоҷикистон Самеъҷон Салоҳиддинов, Раиси намояндаи федератсияи ушу дар вилояти Суғд Мирзоиброҳим Иброҳимов, директори маркази фарҳангию таълимии Конфусий Рустам Шодиев, ҷонишини президенти федератсия Ботур Раҳимов, тренери таолу, президенти Федератсияи айкидои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотеҳ Табаров, президенти федератсияи каратэ-до дар вилояти Суғд Ҷо Чун Си Вадим, устоди варзиш, тренери ушу Сӯҳроб Султонов, устоди варзиш, тренери каратэ-до Фозил Аҳмадов, намояндаи шотокан дар Тоҷикистон Фурқат Раҷабов, намояндагони мактаби варзишии бачагону наврасони рақами 2 Собирҷон Ҳотамов, Хуршед Дадобоев, Қурбонхӯҷа Раҳимхӯҷаев иштирок намуданд.

Сипас муҳорибаи намоишӣ пешкаш карда шуд. Дар вазъияти тантанавӣ варзишгарон, ки дар бардошти вазнҳои худ дар мусобиқа ғолиб омада буданд, бо ифтихорнома ва медалҳо тақдиронида шуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ тренер Мяо Лаоши ба Раиси намояндагии федератсияи ушу дар вилояти Суғд Мирзоиброҳим Иброҳимов барои ташкили ин муҳориба арзи сипос кард. Бояд қайд кард, ки баргузории ин намуди мусобиқа дар шаҳри Хуҷанд бори аввал аст.

Абдуҳаким ОЧИЛОВ

Add comment


Security code
Refresh