Ғолиб муайян нашуд

Дар бозии дастаи «Истаравшан» бо дастаи ССКА «Помир» (Душанбе), ки рўзи 27 апрел дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан ба вуқўъ пайваст, ғолиб муайян нашуд. Бозӣ аз оғоз то анҷом бо ҳуҷумҳои тарафайн гузашта, рахна намудани дарвоза ба бозингарони ҳарду даста ҳам муяссар нагардид. Ҳамин тавр, вохўрӣ мусовӣ (0:0) ба охир расид. Ва ҳарду даста соҳиби якхолӣ шуданд.

Футболбозони дастаи «Хуҷанд» (Хуҷанд) дар ин давр аз бозӣ озод буданд. Вохўрии ин давр байни дастаҳои «Равшан» (Кўлоб) ва «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба 9-уми май гузаронида шуд. Натиҷаи бозии дастаҳои дигар чунин аст: «Вахш» - «Регар - ТадАЗ» – 0:1, «Истиқлол»-«Хайр»- 3:1, «Панҷшер»- «Энергетик»- 1:1. Бозиҳои навбатии чемпионати мамлакат рўзҳои 4-5-6 май баргузор мешаванд. Дастаи «Парвоз» 4 май дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ» дастаи «Вахш» (Қўрғонтеппа)-ро қабул менамояд. 5 май дар шаҳри Хуҷанд вохўрӣ байни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Истаравшан» доир мегардад. Оғози бозиҳо соати 17.00.

Маҳмудҷон ҲУСЕЙНЗОДА,
шореҳи варзиши "Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh