Мусобиқаи футбол бахшида ба рўзи ваҳдат

Қарори навбатии Раиси вилоят аз 13 майи соли 2013, № 109 ба тасвиб расид. Мувофиқи ин қарор, бахшида ба рўзи Ваҳдати миллӣ давоми моҳҳои май – июни соли ҷорӣ дар иншоотҳои варзишии шаҳри Хуҷанд байни ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва таълимӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол гузаронида мешавад.

Ташвиқу тарғиб ва рушди бозии футбол дар вилоят, таъмини оммавияти варзиш, эҳёи дастаҳои футболи назди ташкилоту муассисаҳо аз ҳадафҳои асосии мусобиқаи мазкур ба ҳисоб меравад. Дар мусобиқа дастаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, идораҳо, сохторҳо, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ширкат хоҳанд кард.

Машварат ва қуръапартоӣ дар Федератсияи футболи вилоят баргузор мегардад. Мувофиқи тақвим бозиҳо дар варзишгоҳи «Спартак» ва «Лочин» - и шаҳри Хуҷанд доир мегарданд.

Дастаи ғолиб ва дастаи иштирокчии бозии ниҳоӣ бо Ҷом ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh