Хоҳӣ, ки солим бошӣ, бидав!

Санаи 19-уми майи соли 2013 бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дўсттар!» дар доираи нақша -чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонии маркази вилоят бо иштироки ҷавонон, кормандони ташкилоту муассисаҳо дави миллӣ баргузор гардид.

Дар он Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов иштирок доштанд. Қоҳир Расулзода пеш аз оғози чорабинӣ гуфт, ки варзиш на танҳо гарави саломатӣ, балки қосиди сулҳу ваҳдат аст. Нафароне, ки бо варзиш машғуланд, танашон сиҳат ва тафаккурашон солим, нигоҳашон ба зиндагию одамон нек ва рафторашон дар ҷамъият намунаи ибрат аст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушду инкишофи варзиш, тарбияи ҷисмонӣ дар байни табақаҳои васеи омма миёни наврасону ҷавонон эътибори махсус зоҳир намуда, баҳри баланд бардоштани маҳорату истеъдоди варзишгарон пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. Бунёди иншоотҳои наву замонавӣ, ки солҳои охир дар қаламрави вилоят вусъати тоза касб намуд, далели ин гуфтаҳост.

Бояд гуфт, ки варзишгарони вилоят дар бисёр мусобиқаҳои ҷумҳурию минтақавӣ, Осиё ва байналхалқӣ бо маҳорати баланд қувва озмуда, соҳиби медалу ҷоиза гардида, парчами кишварро баланд мебардоранд.

Беҳуда нагуфтаанд: «Хоҳӣ, ки солим бошӣ, бидав!» ва «Саломатии миллат сарвати бебаҳост»: Бо ҳамин мақсад таи чанд сол аст, ки бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар дави миллӣ баргузор мегардад. Сокинони шарафманди вилоят низ ин иқдоми Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, ҳамасола теъдоди иштирокчиёни он зиёд мегардад.

Бояд зикр намуд, ки дар вилоят, бахусус, дар шаҳри Хуҷанд даҳҳо иншооти варзишии хурду бузург, аз қабили «Ҳавзи шиноварӣ», варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, майдони яхи сунъӣ, майдони теннис ва ғайра сохта, ба истифода дода шуданд. Инчунин боз рўзҳои наздик «Қасри варзиш» барои 3000 ҷои нишаст мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, ки ин дар минтақа ягона аст.

Дави оммавии миллӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамин рўҳияи қаноатмандӣ аз таваҷҷўҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва солимгардонии шаҳрвандон бо иштироки сершумори намояндагони синну сол, касбу кор ва табақаҳои мухталифи ҷомеа дар мавзеи иншооти варзишии шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.

Иштироки сокинони шаҳри Хуҷанд дар ин чорабинии оммавии варзишӣ наздик 20 ҳазор нафар буда, ин гувоҳ бар он аст, ки ҳамагон дави миллиро ҳамчун омили муҳими бардамию солимӣ қабул намудаанд. Давидан ба масофаи 5 километрро дар шаҳри Хуҷанд аз рўи синну соли гуногун кўдакону наврасон, ҷавонон ва калонсолон ҳамчунин собиқадорони варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ аз назди майдони Исмоили Сомонӣ оғоз намуда, бо кўчаҳои ба номи Раҳим Ҷалил, ба восити пули «Ҷашнӣ» ва кўчаи Раҳмон Набиев то назди МИҲД-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Ҳамагон дар давидан маҳорати худро нишон дода, собит сохтанд, ки давидан ин бардамию солимӣ ва нерўи қавӣ мебошад.

Fолибони дави миллӣ бо тўҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва Раёсати ҷавонон тақдиронида шуданд.

Маҳз ҳамин гуна кўшишҳову тадбирҳои бунёду азнавсозӣ, таъмиру тармими иншооти варзишӣ ва фароҳам омадани фазои мусоид аст, ки Рўзи дави миллӣ дар вилояти Суғд, бино ба иттилои Кумитаи тадорукот, бо иштироки наздик 76,5 ҳазор нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи баланд сурат гирифт.

Нодир ТУРСУНЗОДА

Add comment


Security code
Refresh