Табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи варзишгарон

Варзишгарони арҷманд, муҳтарам кормандони соҳаи варзиш!

Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола дар кишвари азизи мо санаи 10 - уми август Рӯзи варзишгарон мутантан таҷлил мешавад. Иқдоми мазкур   самараи неки сулҳ ва суботи сиёсӣ буда, аз ҷониби дигар далел аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи варзиш маҳсуб меёбад.

Бо истифода аз фурсати муносибат аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шумо, варзишгарон -муаррифгарони Ватанро табрик намуда, ба шумоён саломатӣ, сарбаландӣ ва саодату комёбӣ таманно мекунем.

Мову Шумо хуб медонем, ки Истиқлолият ҳамчун дастоварди неки мардуми сарбаланди кишвар ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, татбиқи ормонҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи сокинон заминаи мусоид фароҳам овард. Дар шароити кунунӣ ҷиҳати рушди соҳаи варзиш дар вилояти Суғд тамоми шароит ва имконот фароҳам оварда шудааст, ки аз файзу баракоти фазои тинҷию оромист.

Варзиш қосиди сулҳ, омили муҳими таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифии кишварҳо, инчунин воситаи беҳтарини саломатии инсонҳо ва густариши тарзи ҳаёти солим мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо дарки аҳамияти ин нукта дар партави дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар самти таъмини рушди соҳа, фароҳам овардани имкониятҳои арзандаи варзишӣ, дастгирӣ нисбат ба варзишгарон, қадршиносии кормандони соҳа иқдоми имконпазирро амалӣ мекунад.

Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз дар вилоят 2655 иншооти варзишӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 45 варзишгоҳ, 1833 майдончаи варзишӣ, 563 толорҳои варзишӣ, 33  ҳавзҳои шиноварӣ ва 181 маҷмааҳо, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ маҳсуб меёбанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди соҳаи варзиш як силсила қарорҳо ва Барномаҳоро қабул ва амалӣ карда, кӯшиш менамояд, ки барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш тамоми шароитҳои заруриро фароҳам орад.

Таъсиси Стипендияи Раиси вилоят барои варзишгарони беҳтарин, қадршиносии  варзишгарон, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, баргузории мусобиқаҳои вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят ба чемпионатҳои ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ шаҳодати татбиқи бомароми қарори зикргардида ба шумор мераванд.

Сиёсати хирадмандона ва дастгирию пуштибонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзиш ва варзишгарон имконият фароҳам овардааст, ки варзишгарони мо дар арсаи ҷаҳонӣ мақом ва манзалати хосае касб намоянд. Онҳо дар чемпионатҳои ҷаҳонӣ, Осиёӣ ва байналмилалӣ бо маҳорати баланд қувваозмоӣ намуда, медалу ҷоиза ва унвонҳои баландро соҳиб шуданд.

Имрӯз мо бо ифтихор номи варзишгарони вилоят - Комроншоҳи Устопириён, Абдусаттор Ғафуров, Ҳамроз Раҷабов, Фотима Гадоева, Рухшона Саидова ва дигаронро ба забон оварда метавонем, ки шарафи варзиши тоҷикро дар миқёси байналмилалӣ боло бурда, Парчами Тоҷикистони азизро дар толору майдонҳои бузурги ҷаҳон парафшон сохтаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Миллати ҷисман солим руҳан низ солиму муқтадир мешавад”. Аз ин лиҳоз, бояд ба масъалаҳои оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш аҳамияти арзишманд дода шавад.

Мутаассифона, пандемия ва хурӯҷи бемории сироятии коронавирус  чун дигар соҳаҳо ба соҳаи варзиш низ бетаъсир намонд. Бояд тазаккур дод, ки дар қаламрави вилоят як қатор машғулиятҳои варзишӣ тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ муваққатан боздошта шуд.

Пандемия бори дигар собит намуд, ки варзиш кафили солимӣ буду ҳаст ва ҳар нафаре, ки тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад, дар муқобили ҳама гуна беморӣ мусаллаҳтар аст.

Шоисаи зикр аст, ки новобаста аз пандемияи бавуҷудомада бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҷиҳати дарёфти Ҷоми Раиси вилоят аз рӯйи се намуди варзиш: волейболи соҳилӣ байни мардон ва занон, қаиқ ва каноэ байни ҷавонон ва калонсолон ва камонварӣ байни калонсолон ва ҷавонон мусобиқа гузаронида шуда, ғолибон қадрдонӣ гардиданд.

Мусобиқаи мазкур бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва меъёрҳои пешгирӣ аз Covid – 19 доир гардид ва мақсад аз ин иқдом тарғиби тарзи ҳаёти солим, муайян намудани варзишгарони беҳтарин ва дастгирии варзишгарон маҳсуб меёбад.

Чи хеле дар урфият мегӯянд, “Поёни шаби сияҳ сафед аст”. Мо умед мебандем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Covid – 19 ғолиб меояд ва варзишгарони мо боз ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ парчами кишварро баланд бардошта, номи миллати тоҷикро дар ақсои олам боло мебароранд.

Ман ба ҳамаи Шумо ҷавонон – варзишгарони номии вилоят барору комёбиҳо таманно мекунам.

Рӯзи варзишгарон муборак, Парчамбардорони миллат!

Add comment


Security code
Refresh