Ҳадаф: ҶАЛБИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОН БА ВАРЗИШИ КАСБӢ

Дар семинари кории Федератсияи футболи вилоят, ки бо мураббиёни дастаҳои иштирокчии Чемпионати Тоҷикистон байни ҷавонону наврасон доир гардид, нақш ва саҳми мураббиён дар ташаккули ҷисмониву равонии варзишгарон, тарзи дурусти корбарӣ бо футболбозони наврас, тарбияи онҳо ҳамчун фарди солими ояндасози ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Котиби генералии Федератсияи футболи вилояти Суғд Аҳлиддин Юнусов иброз дошт, ин табдир бо иқдоми Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ташкил гардида, дар кори он намояндаи ЛФКН Абдулло Соқиев ширкат дошт. Ҳадаф аз ташкили чунин як чорабинӣ дар ниҳоди чи кӯдакон ва чи наврасону ҷавонон - варзишгарони оянда, ки кишвари моро дар қувваозмоиҳои сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ хоҳанд кард, парваридани эҳсоси эҳтиром ба заҳмати мураббӣ, ҳисси худшиносии миллӣ ва кӯшиш дар самти расидан ба мақсади олӣ – ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистони азизи мо иборат аст.

 Таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ, муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон як самти муҳими фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят буда, баҳри амалигардонии ин нақшаҳо давоми соли равон чандин тадбирҳои мушаххас амалӣ гардидаанд.

Тавре мудири бахши варзиши Раёсат Фирдавс Фахриддинзода иброз дошт, феълан дар қаламрави вилоят дар маҷмуъ 2655 иншооти варзишӣ фаъолият намуда, аз ин 45 ададаш варзишгоҳ, 1833 майдончаи варзишӣ, 563 толори варзишӣ, 33 ҳавзи шиноварӣ, 181 маҷмаа ва иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнесу клубҳои ихтиёрӣ мебошанд.

 Мувофиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври пайваста бунёд намудани варзишгоҳҳо дар давоми шаш моҳи соли 2020 дар шаҳру навоҳии вилоят 21 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 5 толори варзишӣ, 16 майдончаи варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 878 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 4 миллиону 56 ҳазор сомонӣ бунёд ва мавриди истифода дода шуд.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят 44 мактаби варзишӣ амал менамоянд. Зикр кардан ҷоиз аст, ки соли равон бо мақсади рушди футбол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол” таъсис дода шуд. Ин амал ҷиҳати рушди ин намуди варзиш мусоидат кард.

Дар мактабҳои варзишӣ 1237 гурӯҳҳо бо фарогирии 15262 варзишгарони наврасу ҷавон аз намудҳои варзишии олимпӣ ва 299 гурӯҳҳо аз намуди варзишии миллӣ бо фарогирии 3830 наврасону ҷавон амал намуда, дар маҷмӯъ 19092 нафар наврасону ҷавонон, аз ҷумла 2232 нафар бонувон ҳамарӯза бо машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

Аз ҳисоби ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳо дастаи мунтахаби вилоят муайян гардида, дар 28 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 904 нафар оид ба намудҳои мухталифи варзиш иштирок намуданд ва ба гирифтани 332 медали тилло, 137 медали нуқра ва 173 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.

Бо мақсади муайян намудани варзишгарони беҳтарини вилоят дар асоси нақшаи раёсат марҳалаи дуюми мусобиқаҳои варзишӣ баргузор карда шуда, давоми шаш моҳи соли равон 43 чорабинии варзишии мухталиф баргузор карда шуд. Дар ин чорабиниҳо 3834 нафар иштирок намуданд, ки аз онҳо 881 нафарашонро духтарон ташкил доданд.

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни аҳли ҷомеа ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ Рӯзи варзиш гузаронида шуда, ҳар рӯзи шанбе дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷойҳои мусоид машқҳои пагоҳирӯзӣ дар боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва назди хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо доир шуданд. Дар ин давра дар 342 машқҳои пагоҳирӯзӣ дар қаламрави вилоят 100385 нафар, аз ҷумла 35512 нафар бонувон ширкат варзиданд.

Ҳамзамон, дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зери роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон як қатор корҳо амалӣ гардиданд.

Марҳалаи якуми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо фарогирии 8140 нафар (аз ин теъдод 1230 нафар бонувон) варзишгар дар сатҳи баланд аз рӯи 8 намуди варзиши даставӣ ва 10 намуди намоишӣ, аз қабили лакпарбозӣ, лалакпаронӣ, арғамчинбозӣ ва ғайраҳо баргузор гардид.

Бо мақсади дарёфти таъмини иштироки васеи варзишгарони дастаи мунтахаб дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо иштироки 23 варзишгар, аз ҷумла як нафар бону ба 8 чорабиниҳо сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии вилоят 14 медал, аз ҷумла 2 тилло, 5 нуқра ва 7 биринҷӣ ворид намуданд, – зикр дошт Фирдавс Фахриддинзода.

Бояд тазаккур дод, ки соли равон бинобар сабаби паҳн гаштани бемории сироятии КОВИД-19 дар қаламрави вилоят машғулиятҳои варзишӣ, тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ, муваққатан боздошта шуд. Дар раёсат ситоди дохилиидоравӣ оид ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ба ин бемории сироятӣ ташкил карда шуда, ба тамоми бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳо ва мактабҳои варзишии ҳудуди вилоят дастур дода шуд, ки иншоотҳои варзиширо безарар гардонанд. Ҳамзамон, аз ҷониби мураббиёни варзиш дар тамоми ҷойҳои ҷамъиятӣ варақаҳои тарғиботӣ таҳия ва насб карда шуда, роликҳои тарғиботӣ оид ба бо варзиш дар хона машғул шудан дар шабакаҳои интернетӣ пахш карда шуд. Ҳоло аз ҷониби мураббиёни мактабҳои варзишӣ бо машқварзон тариқи телефон ё шабакаҳои иҷтимоӣ вазифа дода шуда, варзишгарон дар хона бо варзиш машғул мебошанд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh