Бахшида ба Рӯзи Президент мусобиқаи ҷумҳуриявии шиноварӣ баргузор гардид

15 ноябр дар Маҷмаии ҳавзҳои шиноварии “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии шиноварӣ доир шуд.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардида, дар маросими кушодашавии он роҳбари Федератсияи миллии шиноварии мамлакат, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзиданд.

Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раҷаббой Аҳмадзода зимни ифтитоҳи мусобиқаи варзишӣ таъкид карданд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳамасола дар саросари мамлакат садҳо иншооти варзишӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор мегиранд. Дар натиҷа теъдоди варзишгарон сол ба сол зиёд гардида, варзишгарони тоҷик Парчами кишварро дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ мунтазам парафшон менамоянд, ки ин боиси хушҳоливу сарфарозии миллати тоҷик аст.

Дар мусобиқаи варзишӣ 64 нафар варзишгарон аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд иштирок намуда, дар намудҳои гуногун ва масофаи аз 30 то 200 метр барои пирӯзӣ миёни ҳам сабқат намуданд.

Дар охир ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh