СОЛИМИИ ҶОМЕА - АЗ ВАРЗИШ

Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар баробари ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, инчунин яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни на танҳо варзишгарон, балки инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон аст. Илова бар ин варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва ҳам- наздик гардидани халқу миллатҳо ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои мухталифи ҷаҳон мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рушди соҳаи варзиш як силсила тадбирҳо андешида, кӯшиш менамояд, ки барои фаъолияти мунтазами соҳа шароитҳои заруриро фароҳам орад. Дар асоси барномаҳои тасдиқгардида дар ҳудуди вилояти Суғд бо ҷалби соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ сохта, ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ барои ҷалби ҷавонон ва оммавигардонии соҳаи варзиш вусъати тоза касб намудааст.

Тибқи иттилои Фирдавс Фахриддинзода, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, баҳри таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва муҳайё намудани имкониятҳои мавҷуда, дар вилоят сохта, ба истифода додани толор ва майдончаҳои варзишӣ идома дорад.

- Ҳоло дар вилоят 2668 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 46 варзишгоҳ, 1842 майдончаи варзишӣ, 565 толори варзишӣ, 34 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд. Ҳамзамон, дар давоми нӯҳ моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмӯъ 34 иншооти варзишӣ, аз ҷумла ҳафт толори варзишӣ, 25 майдончаи варзишӣ, як маҷмааи варзишӣ ва як ҳавзи шиноварӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи беш аз 28 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи зиёда аз ҳашт миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд, - гуфт номбурда.

Дар баробари зиёд гардидани толору майдончаҳои варзишӣ сафи дӯстдорони варзиш низ боло рафта, ба тамрин машғул шуда истодаанд, ки ин боиси ифтихор аст.

Ба иттилои Фирдавс Фахриддинзода, дар мактабҳои варзишии вилоят 15262 ҷавону наврас аз рӯи намудҳои олимпӣ ва миллӣ 3830 машқварз, ҳамарӯза ба машқу тамрин фаро гирифта мешаванд. Дар маҷмуъ, шумораи машқварзони фарогирифташуда ба мактабҳои варзишӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 409 нафар зиёд гардида, дар умум 19092 нафарро ташкил медиҳад. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки иштироки бонувон низ дар мусобиқаҳои варзишӣ зиёд буда, ба мақомҳои ифтихорӣ ноил гардида истодаанд. Шумораи варзишгардухтарон то имрӯз дар вилоят 2232 нафарро ташкил медиҳад.

 Футбол яке аз варзиши дӯстдоштаи аксарият ба ҳисоб меравад. Бояд тазаккур дод, ки соли равон бо мақсади рушди ин навъи варзиш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол” таъсис дода шуд, ки ҷиҳати рушди соҳа мусоидат хоҳад кард. Соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари сокинон ба варзиш мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни дастаҳои деҳа бо деҳа ташкил ва баргузор гардид, ки он то ҳол идома дорад. Дар миқёси вилоят футболи деҳа бо деҳа 815 маротиба баргузор гардид, ки дар он 17860 нафар сокини футболдӯст ширкат варзида, маҳорати футболбозии худро нишон доданд. Ф.Фахриддинзода қайд намуд, ки бо мақсади тарбияи тарзи ҳаёти солим ва дур будан аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар қаламрави вилоят ҳамарӯза машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд.

Ин аст, ки то имрӯз 737 маротиба тамринҳои пагоҳирӯзӣ бо мақсади солимии ҷомеа гузаронида шуда, дар он беш аз 100 ҳазор нафар сокину намояндаи касбу кори гуногун ширкат варзиданд. Инчунин, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят 233 маротиба теренкур – роҳгардии саломатӣ баргузор гардид. Дар ин роҳгардии саломатӣ 11236 нафар сокин бо хоҳиши худ ва бо мақсади дур будан аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ширкат варзиданд. Қобили қайд аст, ки эҳёи намудҳои миллии варзишӣ аз ҷониби аҳолӣ хуб пазируфта шуд.

Боиси зикр аст, ки дар чорабиниҳо иштирокчии бештари сокинон наврасону ҷавонон буданд. Марҳалаи якуми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуд, ки дар он 8140 нафар (1230 нафар бону) варзишгар аз рӯи намудҳои лапарбозӣ, лалакпарронӣ, арғамчинбозӣ ва ғайраҳо ширакат варзидаанд. Бояд тазаккур дод, ки соли равон бинобар пайдоиши бемории сироятии COVID -19 машғулиятҳои варзишӣ, тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ, муваққатан боздошта шуд. Вале пас аз муътадил гардидани вазъият иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои дохилӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор гардида, дастаи мунтахаби вилоят дар 47 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 1066 нафар иштирок намуда, ба гирифтани 173 медали тилло, 195 медали нуқра ва 211 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.

Алҳол баҳри пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории сироятӣ мактабҳои варзишии ҳудуди вилоят безарар гардонида шудаанд. Ҳамзамон, аз ҷониби мураббиёни варзиш дар тамоми ҷойҳои ҷамъиятӣ варақаҳои тарғиботӣ таҳия ва насб шуда, роликҳои тарғиботӣ дар шабакаҳои интернетӣ пахш карда шуданд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh