Шиносоӣ бо ҷараёни бунёди иншооти варзишӣ дар ноҳияи Спитамен

22 декабр муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо ҷараёни бунёди иншооти варзишӣ шинос шуданд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акмал Юлдошев толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва майдончаҳои бунёд шуда истодааст.

Сохтмони иншооти мазкур соли 2020 оғоз гардида, соли 2021 дар рӯзҳои таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.

Иншооти мазкур дорои толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишии футбол, басткетбол, воллейбол, теннис буда,  дар гирду атрофи иншоот корҳои ободониву кабудизоркунӣ, шинонидани гулҳои рангоранг ва ниҳолҳои ҳамешасабз амалӣ карда мешавад.

Пас аз ба истифода супоридани иншооти мазкур 15 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Ёдовар бояд шуд, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва таъмиру тармими иншооти варзишӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба рушди соҳаи варзиш ва таъмини солимии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоварад. Айни ҳол дар миқёси вилоят 2673 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 46 варзишгоҳ, 1845 майдончаи варзишӣ, 567 толор, 34 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмааю иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд.

Дар 11 моҳи соли равон, дар маҷмӯъ, 39 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 9 толори варзишӣ, 28 майдончаи варзишӣ ва 1 ҳавзи шиноварӣ бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон мавриди истифода қарор гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh