Дастоварди хуб
- Details
- Published on Thursday, 01 August 2013 15:19
Чанд рўз пештар варзишгарони кишварамон аз мусобиқаи байналҳалқӣ оид ба таэквандо, ки дар шаҳри Софияи Ҷумҳурии Булғористон барпо гардид, бо натиҷаҳои баланди варзишӣ баргаштанд, ки боиси сарфарозии мардуми кишварамон гардид. Узви дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ, намоянда аз вилояти Суғд, дастпарвари мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-уми шаҳри Истаравшан, иштирокчии якчанд мусобиқаи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дорандаи камарбанди сиёҳ, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Бозоров дар ин мусобиқаи бонуфуз сарбаландона ширкат варзид.
Ногуфта намонад, ки Ҷамшед ҳанўз дар синни мактабхониаш, ҳангоми тамошои филмҳои ҷанги тан ба тан дар дил ҳаваси варзишгар шуданро орзу мекард.
Амакаш Олимҷон, ки худ варзишро дўст медошту мунтазам машқи бадан мекард, шавқу ҳаваси додарзодааш Ҷамшедро пай бурда, баъди чанд муддат, аниқтараш соли 2001 ўро ба назди мураббии таэквандо Шўҳрат Казаков, дорандаи камарбанди сиёҳ, Устоди варзиши ҶТ, ки роҳбарии маҳфили ин намуди варзишро бар ўҳда дошт, овард.
Хушбахтона, баъд аз чанде дар натиҷаи машқу тамринҳои пай дар пай ва пурмашаққат зери назорати мураббиёни сахтгир Шўҳрат ва Эркин Казаковҳо, ў тавонист худро дар ин ҷодаи варзиш нишон диҳад ва ба мусобиқаҳои шаҳриву вилоятӣ роҳҳат гирифта ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.
Чунин пешравиҳо буд, ки дастовардҳои аввалини худро ў дар солҳои 2006, 2008 дар чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба таэквандо дар вазнҳои 71 ва 80 кг бар ҳарифони пурқуввати худ ноил гашта, ба гирифтани 2 медали тилло сазовор гардид.
Инчунин дар мусобиқаи Осиё, ки дар пойтахти кишварамон соли 2012 шуда гузашт, дар вазни аз 85 кг боло ҷои сеюм ва медали биринҷӣ ба даст овард. Соли равон низ дар чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба таэквандо дар вазни худ барандаи унвони чемпионӣ гардидааст.
Ҳамин тариқ, Ҷамшед бо шавқи беандоза ва ба тарзи ҷиддӣ машқу тамринро давом дода, маҳорати варзишии худро такмил медод. Оҳиста-оҳиста доираи иштирокаш дар мусобиқаҳо васеъ гардид. Миёнаҳои моҳи июли соли 2013 барои дорандаи камарбанди сиёҳ, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Бозоров фаромўшнашаванда боқӣ мемонад. Зеро, дар ин санаи таърихӣ ў дар Ҷумҳурии Булғористон, шаҳри София дар мусобиқаи байналхалқӣ оид ба таэквандо, ки зиёда аз 450 нафар варзишгарон, намояндагони 60 давлати дунё иштирок намуданд, дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 25 нафар варзишгарони бомаҳорат буданд, муаррифӣ намуд.
Ҷамшед ҷавонмарди паҳлавонҷуссаи тануманди қоматбаланд, ки ҷасурию далериро аз устодони сахтгири худ омўхта буд ва ба худ боварии комил дошт, дар вазни зиёда аз 85 кг хуб ҳунарнамоӣ карда, ҳарифони пурқуввати худро аз давлатҳои Филиппин ва Словения мағлуб намуд ва сазовори медали биринҷии ин мусобиқот гардид.
- Ҳангоми мукофотонидани варзишгарон вақте парчами ҷумҳуриамонро боло бардоштанд ва суруди миллиамон танинандоз шуд, худро дошта натавонистам ва ашки шодӣ аз чашмонам ҷорӣ гашт,- мегўяд Ҷамшед.
Мо, Ҷамшед Бозоровро бо ин дастоварди варзишиаш муборакбод намуда, умед дорем, чун устодони варзидаи худ дар тарбияи ҷисмонию ахлоқии насли наврас саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.
Саъдулло МАҲКАМОВ,
узви пости мухбирони "Ҳақиқати Суғд" дар шаҳри Истаравшан