Маросими супоридани медалҳои нуқрагини Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол ба Клуби футболи “Хуҷанд”

10 феврали соли 2021 дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и маркази вилоят маросими супоридани медалҳои нуқрагини Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ба Клуби футболи “Хуҷанд” баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов дар вазъияти тантанавӣ медалҳои нуқрагини Чемпионати Тоҷикистон оид ба футболро ба бозингарон ва ҳайати мураббиёни Клуби футболи “Хуҷанд” супориданд.

Раиси вилоят зимни суханронии худ таъкид кард, ки ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба рушди  тамоми соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Дар ин замина, дастаи футболи “Хуҷанд” соли гузашта дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ маҳорати хуб нишон дода, соҳиби ҷойи дуюм гардид. Ин муваффақият имкон дод, ки даста ба марҳилаи гурўҳии Ҷоми конфедератсияи футболи Осиё роҳхат гирад. Ҳамзамон, ҳайати ҷавонони дастаи мазкур низ дар ин чемпионат хуб ҳунарнамоӣ карда, соҳиби мақоми дуюм гардиданд.

Ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов дастоварду муваффақиятҳоро ба ҳар як узви даста табрик гуфта, ба футболбозон дар бозиҳои чемпионати имсола комёбиҳо орзу намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh