Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбоновро, ки бо сафари корӣ дар вилоят қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раиси вилоят иброз дошт, ки  дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба рушди тамоми соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар ин раванд дар вилояти Суғд низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, барои дастгирии дастаҳо ва рушди футбол аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати дастгириҳои доимӣ изҳори сипос намуд.

Дар навбати худ  Алишер Урунов омодагии ФФТ-ро барои ҳамкории судманд дар ҳама ҷодаҳо барои ноил гаштан ба музафариятҳо баён намуд.

Ҷонибҳо инчунин масаъалҳои марбут ба омодагии дастаҳои  вилоят ба чемпионати имсоларо баррасӣ карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh