Фатҳи қуллаи мурод

Ҷавонон ояндаи кишвар ҳастанд. Соҳаи варзиш яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа ба шумор меравад. Мусоҳибаи мо бо варзишгари номӣ, финалисти бозиҳои Қазон дар намуди қаиқронӣ Виталий Сериков дар арафаи Рўзи варзишгарон сурат гирифт.

- Виталий, Шуморо ба муносибати ба даст овардани ғолибият дар мусобиқаи байналмилалӣ муборакбод мегўем. Сабаби ғолибиятро дар чӣ мебинед?

-Аз кўдакӣ ба варзиш шавқу рағбати зиёд доштам. Ин буд, ки баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров супурда, соҳиби унвони донишҷўӣ гардидам. Падару модар дастгиру мададгори ман гаштанд, ки аз онҳо беҳад миннатдорам. Ҳангоми мактабхонӣ бо ҷўраам, ки ба қаиқронӣ шавқу рағбати зиёд дошт, бисёртар ҳам-роҳ будам. Ин шуғли дўстдоштаи ман ҳам гардид. Аз он пас кўшиш намудам, ки донишу қувваамро сарфи ин намуди варзиш намоям. Иштирок дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва ба даст овардани ғолибият сабабгори дар мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзиданам шуд.

- Таассуротатонро аз сафар мегуфтед.

-Дар Қазон мо ҳамагӣ 9 рўз будем, аммо он таассуроте, ки ман аз ин шаҳр бардоштам, беҳудуд аст. Дар мусобиқа аз 50 давлати ҷаҳон 16 ҳазор нафар варзишгар дар ҳар намуд иштирок дошта, ҳар яке мехост, бо сари баланд ба диёр баргардад. Ман низ яке аз онҳо ба ҳисоб мерафтам. Дар намуди қаиқронӣ наздик 400 нафар иштирокдорон қувваозмоӣ намуданд. Ба ман муяссар гашт, ки дар масофаи 200 метр соҳиби ҷои намоён дар финал гардам. Ҳарчанд дар қатори иштирокдорон ҷоизадорону чемпионҳо зиёд буданд, боварӣ ба қувваи худ маро сўи фатҳи қуллаи мурод раҳнамун буд. Вақте ки худро дар қатори ғолибон дидам, беихтиёр маро эҳсоси шодиву нишот, ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро гирифт. Чӣ ҳаяҷонбахшанд лаҳзаҳое, ки номи давлати худро дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон мебинӣ.

-Албатта, бе дастгирии устодону мураббиён расидан ба чунин мартаба душвор аст.

- Рост гуфтед. Аз соли 2000-ум лидери соҳаи қаиқронӣ дар Тоҷикистон ҳастам. Бе кўмаку дастгирии устодони соҳибтаҷрибаи соҳа, бахусус, Азиз Бобоҷонов ба даст овардани ғолибиятро тасаввур карда наметавонам. Зеро маҳз туфайли заҳмату талошҳои ин марди қавиирода ба муваффақиятҳои беназир соҳиб гаштам. Барои варзишгар қадам ба унвони чемпиони ҷаҳон гузоштан мақоми баланд аст. Дар қатори ғолибон ва иштирокдорони Универсиадаи донишҷўён, варзишгарон ва мураббиён ба мукофоти пулии Раиси вилояти Суғд сазовор гаштан воқеаи хурсандибахш дар ҳаётам гардид.

-Нақшаи ояндаатонро мегуфтед.

- Ба наздикӣ Чемпионати ҷаҳон дар Олмон баргузор мегардад. Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Қоҳир Расулзода ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар қатори иштирокчиёни ин чемпионат ҷой гирифтаам. Тамоми кўшишу ғайратамро баҳри ба даст овардани ғолибият ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон байни давлатҳои ҷаҳон сарф менамоям.

-Ба Шумо дар ҷодаи варзиш барору комёбиҳо хоҳонем. Бигзор, фатҳи қуллаҳои баланд насибатон гардад.

-Ташаккур.

Шоира САЛИМОВА

Add comment


Security code
Refresh