Тоҷикистон – Ҳиндустон 3 - 0
- Details
- Published on Thursday, 15 August 2013 14:58
Дина дар варзишгоҳи «20 –солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд вохўрии рафиқонаи дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳиндустон барпо гардид. Дар варзишгоҳ бештар аз 10 ҳазор мухлисон ҳузур доштанд ва бозӣ бо афзалияти футболбозони Тоҷикистон гузашт.
Тўби нахустинро ба дарвозаи меҳмонон бозингар Нуриддин Давронов дар дақиқаи 12-ум зад. Бозӣ торафт шиддат гирифт ва дар дақиқаи 19-ум бозингари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев тўби 2-юмро дохили дарвозаи бозингарони Ҳиндустон кард. Доварон чанд дақиқаи иловагӣ муқаррар карданд ва дар лаҳзаи охирин бозингар Адҳам Ҳамроқулов тўби 3-юмро ба нишон расонд. Ҳамин тавр, бозии рафиқонаи футболбозони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустон ба ҳисоби 3 : 0 ба анҷом расид.
Бояд гуфт, ки бозии рафиқона таҳти роҳбарии сармураббии навтаъини дастаиТоҷикистон Мўҳсин Муҳаммадиев ба вуқўъ пайваст.
Ҳамчунин мухлисони футбол ба ҳунарнамоии ҳофизон Нигина Амонқулова ва Нозияи Кароматулло кафкўбӣ карданд.
Абдушариф АБДУРАҲИМОВ