Кӣ ҳуқуқ дорад, Тоҷикистонро муаррифӣ кунад?

Ба диққати ҷанобон Зариф Мўъминов ва Темурхон Қаюмов Санаи 30 июли соли равон тариқи шабакаи телевизиони маҳаллии шаҳри Хуҷанд дар барномаи иттилоотӣ - сиёсӣ оид ба баргузории семинари варзишӣ оид ба каратэ - до аз рўи қоидаҳои WKF аз Ҷониби Федератсияи миллии каратэ - до ва гоҷю - рю - и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар "Кохи матбуот" барпо гардидааст, гузориш пахш шуд.

Аз ҷониби президенти Федератсияи мазкур Темурхон Қаюмов маълумоти нодуруст ва аз ҷиҳати юридикӣ носаҳеҳ дода шуд. Т.Қаюмов афзуд, ки баҳори соли равон ҳамроҳи Азимхон Қаюмов ва Зариф Мўъминов дар шаҳри Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистон дар семинар иштирок карда, ҳуқуқи довари дараҷаи байналмилалиро гирифтаанд, аммо ин маълумот тамоман нодуруст аст. Семинар аз ҷониби Тимур Муратович Шатаев - довари дараҷаи байналхалқӣ, ки намоянда ва сардовари Осиёи Марказӣ аз Федератсияи каратэ-дои Осиё мебошад, гузаронида шуд.

Мутобиқи маълумоте, ки дорем, дар сертификат навишта шудааст: - Федератсияи миллии каратэ-дои Ҷумҳурии Қирғизистон гувоҳӣ медиҳад, шахсони номбурда, ки дар ҳақиқат дар семинари илмӣ-амалӣ оид ба доварӣ таҳти роҳбарии довари дараҷаи байналмилалӣ Тимур Шатаев иштирок карданд. Вале дар ҳеҷ ҷойи сертификат дар бораи додани мақоми ё ҳуқуқи довари дараҷаи байналмилалӣ ба иштирокчиён андешае баён нашудааст.

Аслан, аз рўи қоидаи WKF дар бобати баргузории семинар оид ба каратэ-до Федератсияи мазкур, ки семинари илмӣ-амалӣ гузаронидааст, мебоист иҷозатномаи Федератсияи Осиёи Марказӣ ва Осиёро мегирифт, инчунин як нафар довар бояд категорияи довари дараҷаи Осиё ширкат менамуд.

Имтиҳоншуда аз ҷониби ҳайати доварон бо сардорӣ ва намояндагии имтиҳонкунанда аз рўи қоидаҳои Федератсияи каратэ-дои Осиё (AKF) Патрик Лим Женн аз имтиҳон гузарад. Ҳангоми бомуваффақият супоридани имтиҳон ба онҳо галстук ва нишони AKF, ки дар он дараҷаи тахассусии довар нишон дода шудааст, инчунин будо - паспорти AKF, сертификат бо зикри мушаххаси санаи супоридани имтиҳони доварӣ ва расиди супоридани маблағ барои иштирок дар семинар дода мешавад.

Дар гузориши телевизионӣ возеҳ буд, ки Зариф Мўъминов қоидаҳои каратэ-до (WKF)-po мефаҳмонад ва таълим медиҳад, ҳол он, ки онҳо галстук ва нишони довари WSKF-ро бо худ' доштанд ва дар ин семинар намоянда аз Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок дошт ва он статуси байналмилалиро соҳиб буд.

Намояндагони шотокан каратэ-дои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайратанд, ки шахсони мазкур чӣ ҳуқуқ доранд, ки галстук ва нишони WSKF-ро бо худ беасос намоиш бидиҳанд?! Охир, дар сайти расмии WSKF дар бораи намояндагии З.Мўъминов ва Т.Қаюмов дар Тоҷикистон ҳамчун довари WSKF ҳеч гуна маълумот нест.

Федератсияи каратэ-дои Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол аст, ки дар кишвари мо фаъолият дорад ва ба узвияти Осиёи Миёна, Осиё ва Федератсияи умумиҷаҳонии каратэ-до (WKF) мансуб буда, дар ин бобат дар расонаҳои расмӣ низ қайд шудааст. Танҳо Федератсияи мо метавонад, дар арсаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намояд.

Мо, аъзои Федератсияи каратэ-дои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Федератсияи мазкур Муҳаммад Бодаков ва намояндагон дар вилояти Суғд - доварони дараҷаи Осиё Парвиз Каримов ва муаллифи ин сатрҳо аз амали шахсони зикршуда норозӣ буда, аз Федератсияи миллии каратэ-до ва гоҷю - рю ва намояндагони он хоҳиш менамоем, ки ба Федератсияи каратэ-дои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таври расмӣ ҳуқуқ, иҷозатнома, сертификат оид ба довари дараҷаи байналмилалӣ ва сертификат оид ба ҳуқуқи гузаронидани семинар мувофиқи қоидаҳои WKF ва дар худ доштани галстук ва нишони дова рии WSKF-ро пешниҳод намоянд.

Вадим Джо-Чун-Си,
довари дараҷаи Осиё оид бв каратэ-до

Add comment


Security code
Refresh