Оғози мусобиқа

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс бахшида ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Иттифоқи Шўравӣ Исмоил Ҳамзаалиев ва ҷашни 22 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.

Мусобиқа аз санаи 25 то 30 августи соли ҷорӣ сурат мегирад. Дар ифтитоҳи мусобиқа Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Қоҳир Расулзода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов сухан ронданд. Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа расман оғоз ёфт.

Дар рўзи аввал ба майдони ҳарб варзишгарони ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва давлати Афғонистон баромад намуданд.

Мусобиқаи мазкур солҳои қаблӣ дар варзишгоҳи «Спартак» - и маркази вилоят гузаронида мешуд. Имсол бошад, Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд, ки соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода шуда, дорои 3 000 ҷои нишаст мебошад, макони баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс пазируфта шуд.

Абдуҳаким ОЧИЛОВ

Add comment


Security code
Refresh