Мактаби маҳорат ва ҷасорат
- Details
- Published on Monday, 02 September 2013 18:19
Мактаби варзишии бачагона ва наврасони № 4 дар ҳудуди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22-и Ҷамоати Ворух ҷой гирифтааст. Аз сабаби минтақаи сарҳадӣ будани деҳаи Ворух бо қарори Ҳукумати шаҳри Исфара соли 2002 арзи ҳастӣ намуд. Дар мактаби варзишӣ аз рўйи шаш намуди варзиш: бокс, каратэ, гўштини камарбандӣ, волейбол, футбол ва варзиши сабук омўзгорони ихтисосманд Бобомиршо Ашўров, Абдурафӣ Ҳайдаров, Ҳалимбой Ҳалимов, Сайфулло Каримов машғулият мегузаронанд.
Дар давоми фаъолияти худ мактаби варзишӣ ба тарбиятгирандагон аз ҳамаи мактабҳои деҳа дарси матонату ҷасорат, мардонагию далерӣ меомўзад. Бисёр дастпарварони онро номбар намудан мумкин аст, ки дар мусобиқаҳои варзишии гуногун дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ширкат варзида, ба комёбиҳои назаррас сазовор гардиданд. Азбаски равияи асосии мактаби варзишӣ бокс аст, муваффақиятҳо дар ин намуд бештар мебошад.
Дастпарвари мактаб Эраҷи Марғубиддинзода дар риштаи бокс дар шаҳри Қўрғонтеппа бомуваффақият баромад намуда, шарафи ноҳияро ҳимоя намуд. Соли 2012 яке аз дастпарварони он Шаҳром Турсунов дар мусобиқаи умумиҷумҳуриявӣ оид ба бокс дар шаҳри Кўлоб ҷойи дуюмро соҳиб гашт. Варзишгарони мактаб дар чандин мусобиқаи вилоятӣ оид ба каратэ иштирок намуданд. Ҳасанбой Саидов соли 2012 дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба каратэ ҷойи дуюмро ба даст овард. Чунин муваффақият дар вазнҳои худ насиби Мақсадҷон Болтаев, Муҳибулло Насибиддинзода, Далер Шарифов низ гардид. Сиёвуш Ҳамдамов сазовори ҷойи сеюм шуд.
Тарбиятгирандагони мактаби варзишӣ дар шаҳрҳои Москва, Новосибирск, Барнаули ФР таҳсил ва зиндагӣ ихтиёр намуда, муаррифгари мактаби варзиши тоҷик шудаанд. Баҳмон Зокиров ва Иззат Нўъмонов дар шаҳри Москва дар мусобиқа оид ба бокс иштирок намуда, меъёри номзади устоди варзишро иҷро карданд.
Дар шаҳри Барнаул Бахтовар Ҳомидов ва Шодрўз Зокиров дар мусобиқа оид ба каратэ миёни наврасон иштирок намуда, ҷойҳои дуюмро ишғол намуданд. Чунин мисолҳоро зиёд метавон овард. Дохили бинои мактаб бо маб-лағгузории ҳукумати шаҳри Исфара таъмир, бомаш шиферпўш карда шудааст. Дару тирезаҳои замонавии нав насб шуда, толори варзишӣ оинабандӣ карда шуд. Девору роҳравҳои он аз таъмири хушсифат бароварда шуда, фарши толори варзишӣ бо сифати баланд рангубор карда шудааст.
Барои тамрини варзишгарон, гузаронидани мусобиқаҳои гуногун тамоми шароит муҳайёст. Саҳни мактаби варзишӣ ҳамеша серодам буда, бачагону наврасон ва калонсолон машғули бозиҳои гуногуни варзишӣ мебошанд.
Ҷўра ДОВУДХОНОВ