Аз дастовардҳо меболам…

Имрўз мо, ҷавонон дар айёме зиндагӣ ва таҳсил дорем, ки ҳар як рўзаш пур аз навигариҳост. Мо, насли ҷавон дар рўҳияи солиму созанда, ҳамқадами ҷаҳони муосир таълиму тарбия мегирем. Барои мо, насли ояндаи Ватан дарҳои омўзишгоҳу коллеҷҳо ва мактабҳои олӣ кушода аст, баҳри азхуд намудани илму дониш, омўзиши касбу ҳунарҳои муосир ва забони давлативу забонҳои хориҷӣ имкониятҳои калон фароҳам оварда шудаанд.

Дар ҷодаи дастгирии мо, ҷавонон ва ҷалби ҳар чи бештари ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола сурат мегирад, аз муҳимтарин падидаҳост.

Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар, ки 23-юми майи соли 2013-ум дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар, пеш аз ҳама, ба зиммаи шумо–ҷавонони баору ғаюр ва далеру шуҷои Ватан вогузор шудааст. Шумо бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дўст доред, ба қадраш расед ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоед».

Дар ҳоле ки мо, ҷавонон дар роҳи Ватану ватанпарастӣ содиқ ва ҳастии худро бахшидаем, дар ҷабҳаҳои илм-омўзӣ, омўхтани компютер ва технологияи муосир, дар раванди тарзи ҳаёти солим, яъне обутоби ҷисмонӣ ба дастовардҳои намоён ноил гардидем. Дар як соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сохта, ба истифода супоридани 2400 толору майдонҳои варзишӣ ба маблағи умумии беш аз 242 млн сомонӣ худ гувоҳи чунин ғамхориҳои падаронаи Ҷаноби Олӣ нисбат ба ҷавонон мебошад. Чунин дигаргуниҳоро дар мисоли шаҳри худамон - Истаравшан баръало дида метавонем.

Сохтмони даҳҳо иншоотҳои варзишӣ, мактабҳои варзишӣ, маркази варзишии «Далерон», варзишгоҳи марказӣ барои 20000 тамошобин ва ғайра дар роҳи рушду нумўи самти варзиш имкониятҳои васеъ фароҳам овард.

Ин буд, ки дар соли 2013 дастовардҳои варзишгарони Истаравшан тамоми дунёро тасхир намуд. Мо имрўз бо Хусрав Облобердиев - чемпиони Осиё дар байни ҷавонон, ки аз рўи гўштини тарзи юнонӣ - римӣ дар вазни 66 кг дар шаҳри Пхукети давлати Тайланд баргузор гардид, ба таври ҳаққонӣ фахр менамоем. Ё худ паҳлавони дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва осиёӣ ғолиб Фозилхон Олимовро мисол гирем. Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таэкван-до Бахтиёр Турсунов низ ҳамчун ҷоизадори мусобиқоти осиёӣ ва ҷаҳонӣ шўҳрати Истаравшанро боло намуд.

Номгўи чемпионҳои ғолибро дар сатҳи байналмилалӣ ва осиёӣ боз давом додан мумкин аст. Пас мо, ҷавонон, чӣ тавр бо ин давлати ободу зебо ифтихор нанамоем?!

Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо бо шукргузорӣ ваъда медиҳам, ки асосҳои илму донишро чуқур ва ҳаматарафа меомўзам, ҳамчун вориси асилу арзандаи миллату давлат ва созандаи имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол, баҳри гул-гулшукуфии он азму талош менамоям.

Масрур Насруллоев,
донишҷўи курси якуми факултаи технологияи информатсионии ДПДТТ

Add comment


Security code
Refresh